Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
146

Чоп кардан

Тибқи фармони мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ таҳвил ва харидории ҳавопаймоҳо ва қисмҳои эҳтиётиро аз ширкати “Boeing Co.” қатъ менамоянд.

***

Бо мақсади пешгирӣ аз пардохти боҷи иловагӣ якчанд ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла “Delta Air Lines”, “Ryanair” таҳвили ҳавопаймоҳои ИМА-ро ба таъхир гузоштанд.

***

Аз моҳи январи соли 2026 дар зиёда аз 1500 адад ҳавопаймоҳои ширкати “American Airlines” хизматрасонии ройгони Wi-Fi дастрас мешавад.

***

Фурудгоҳи Мюнхен ва Маркази инноватсионии “Lufthansa” озмоиши хизматрасонии роботҳоро дар Терминал 2 роҳандозӣ намуданд.

***

Бо мақсади таҷдиди толорҳои “SilverKris” ва “KrisFlyer Gold” дар фурудгоҳи Чанги ширкати “Singapore Airlines” сармоягузории 34 миллион доллари ИМА-ро пешбинӣ менамояд.

***

Пас аз 30 сол Федератсияи Россия ва Абхазистон алоқаи ҳавоиро барқарор менамоянд.

***

Тибқи изҳороти директори генералии ширкати “Air Astana” бинобар сабабаи таъхири таҳвили ҳавопаймоҳои Boeing 787-9, ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Қазоқистон маҷбур аст, ки парвозҳои эҳтимолиро ба ИМА лағв намояд. Интиқолдиҳанда 3 адад ҳавопаймои Boeing 787-9-ро фармоиш дод, ки онҳо бояд дар нимаи аввали соли 2025 тибқи иҷора аз ширкати “Air Lease Corporation” (ALC) таҳвил мешуданд. Аммо ширкати “Boeing” интиқоли нахустин ҳавопаймои Boeing 787-9-ро ҳадди аққал то нимаи соли 2026 ба таъхир гузошт, ки ин боиси лағви нақшаи роҳандозии парвоз ба ИМА гардид.

***

Акнун мусофирони ширкати “Utair”, ки тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 767 ва Boeing 737-800 парвоз менамоянд, тибқи хизматрасонии нави “медиа система” метавонанд тавассути гаҷетҳои худ – ноутбук, планшет ва смартфонҳо филмҳо, сериалҳо ва мультфилмҳо тамошо намуда, мусиқӣ, подкастҳо ва аудиокитобҳо гӯш кунанд. Ҳамзамон мусофирон ҳангоми парвоз метавонанд дар экрани дастгоҳи мобилии худ ба маълумот оид ба мавҷудияти ҷойҳои ройгон дар ҳавопаймо дастрасӣ пайдо намоянд.

***

Бинобар лағви таҳвили ҳавопаймои Airbus A321XLR, ширкати “Wizz Air” хизматрасониро дар масири Лондон Гатвик-Ҷидда ба таъхир мегузорад.

***

Бинобар сабаби суқути чархбол ва ҳалокати мусофирон ширкати “New York Helicopter Tours” фаъолияташро қатъ намуд.

***

Ширкати сармоягузории “Stonepeak” ширкати боркашонии ҳавоии “Air Transport Services Group” (ATSG)-ро бо маблағи 3,1 миллиард доллари ИМА харидорӣ намуд.

***

Сафари ҳавоӣ аз Британияи Кабир ва Аврупо ба ИМА дар айни замон коҳиши шадидро нишон медиҳад. Дар моҳи марти соли 2025 шумораи сайёҳон аз Британияи Кабир ба ИМА нисбат ба соли 2024 14,3%, аз Аврупои Ғарбӣ 17%, Олмон 28,2% ва Испания 24,6% коҳиш ёфт. Тибқи таҳлилҳо сафари умумиҷаҳонӣ ба ИМА 11,6% коҳиш ёфтааст.

***

Аз 31 майи соли 2025 ширкати “Air Astana” парвозҳои мустақими мунтазамро дар масири Атирау-Боку оғоз менамояд, ки парвозҳо дар як ҳафта се маротиба анҷом дода мешаванд.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Global News, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/)