ЧАРО ТИРЕЗАҲОИ МАНОРАҲОИ МУНАЗЗИМӢ КАҶ ВА СИЁҲАНД?

Ҳар як фурудгоҳ манораи идоракунии ҳаракати ҳавоии худро дорад. Ҳатто агар фурудгоҳҳои гуногун манораҳои гуногуни муназзимӣ дошта бошанд ҳам, ҳамаи манораҳо як хусусияти умумӣ доранд: тирезаҳои хаму нишеб. Дар манораи муназзимӣ кунҷи тирезаҳо гуногун бошанд ҳам, аммо аксар вақт нишебии кунҷи онҳо 15° мебошанд.
Манораи муназзимӣ ё маркази идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ба бисёр шароити душвори муҳити зист дучор мешавад, масоили VISIBILITY – яъне ҳолати биниш дар ҷои аввал аст!
Яке аз сабаби асосии чунин тарҳ дар он аст, ки тирезаҳои нишеб назар ба тирезаҳои ҳамвор оби борон ва чангу ғуборо камтар ҷамъ мекунанд. Ҳамин тавр, ин биниши беҳтарро тавассути тирезаҳо таъмин менамояд.
Ҳамзамон ин тарҳ мусоидат менамояд, ки дар тирезаҳо ҳеҷ гуна инъикосҳое вуҷуд надошта бошанд, ки ин ҳолат метавонанд боиси парешон шудани диққати танзимгарон шаванд. Танзимгарони ҳаракати ҳавой дар манора соатҳои зиёдро мегузаронанд. Тирезаҳои хаму нишеб ба танзимгарон дар мушоҳидаи пурраи фурудгоҳ кӯмак мекунанд.
Аз ин хулоса карда мешавад, ки тирезаҳои хаму нишебшакл дар манораҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ на танҳо интихоби тарроҳӣ, балки дар таъмини бехатарии парвозҳо ба танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ ва самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, тарҳ ба танзимгарон назорат ва пайгирии ҳавопаймоҳоро осон мекунад. Ин хусусиятҳо кафолат медиҳанд, ки танзимгарон шароити беҳтаринро барои идоракунии бехатари ҳаракати ҳавоӣ дошта бошанд.
Дар ҳамин замина ёдовар бояд шуд, ки манораи муназзимии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ тибқи талаботҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ гардида, дар таъмини бехатарии парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад.