ШАШУМИН МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ГӮШТИНГИРӢ” БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, 26 апрели соли 2025 Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” баргузор мегардад. Дар шашумин мусобиқаи байналмилалии “Гӯштингирӣ”, ки дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, паҳлавони маъруфи зиёда аз 25 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд паҳлавонон дар вазнҳои 65кг, 78кг, 95кг ва +95кг барои мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Духтарон танҳо дар вазни то 70кг ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул байни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо мақсади оммавӣ ва тарғиб намудани он, имрӯз гӯштини миллии тоҷикӣ бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси Миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат ва берун аз он мусоидат менамояд. Дар ин замина Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ расман номнавис гардида, солҳои 2023 — 2024 бори нахуст Чемпионати Осиё ва Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардиданд, ки дар онҳо зиёда аз 1000 нафар меҳмонону варзишгарон аз 63 давлати Осиё ва ҷаҳон қувваозмоӣ намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷоизаи умумии Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” 110 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм сазовори 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегарданд.
Мусобиқаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади ташвиқу тарғиб, рушду равнақи варзиш ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт гузаронида мешавад.