Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Рӯзи Конститутсия дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Рӯзи Конститутсия дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия»
582

Чоп кардан

Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Бо сухани табрикӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ муовини якуми директори генералӣ Д.Шодмонбекзода сухан кард.

Д.Шодмонбекзода зимни суханронии худ нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳия ва қабули ин санади барои давлату миллат муҳим таъкид намуда, мухтасаран роҷеъ ба нуктаҳои марбут ба фаъолияти корхонаро таъкид намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки «Қоидаҳои авиатсияонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз он санадҳои калидии соҳа аст, ки дар партави қонуни  асосии кишвар - Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такя ба аркони он таҳия гардидааст.

Суханронии мутахассиси шӯъбаи ҳуқуқ А.Розиқзода дар баробари инъикоси марҳилаҳои таърихии таҳия, бознигарӣ ва қабули Қонуни асосӣ, тамоми воқеияти дигаргуниҳо дар кишварро, ки ба таври густурда амалӣ гардиданд, ба ин санади таърихӣ иртибот дод.

Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ Д.Шодмонбекзода бори дигар коллективи корхонаро бо ин санаи фархунда муборакбод намуда, итминон дод, ки дар оянда низ роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба риояи қатъӣ ва бечунучарои қонунгузории кишвар, ки ҳомии асосии ҳуқуқҳои конституционии шаҳрвандон аст,  такя хоҳад кард. 

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бо камоли эҳтиром ҳар як тоҷику тоҷикистониро ба муносибати ҷашни фархундаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамояд.