Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар толори маҷлисии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Муовини аввали Директори генералӣ Шодмонбекзода Д. аз номи Директори генералӣ Бегиҷонзода Л.Б. аҳли кормандон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди миллати тоҷикро ба муносибати ҷашни Парчами давлатӣ табрик намуданд.
Зимни баромади худ Шодмонбекзода Д. аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, чунин баён намуданд – “Парчами давлатӣ баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он мебошад”.
Илова ба он арз доштанд, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон аркони муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол буда, бо тартиби муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Миллати тоҷик муқаддасоти худро дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намои рамзҳои ҷудогона, ба монанди Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муаррифӣ менамоянд.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъи, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ корманди Шуъбаи ҳуқуқиву шартномавӣ Розиқзода Анвар доир ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба парчаму парчамдорӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли нишаст шарҳу тавзеҳ доданд.
Ёдовар мегардем, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои расмии Тоҷикистон, 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи таҷлили 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паҳлуи Қасри миллат дар манораи бузурги 165 метр бузургтарин парчами ҷаҳон-Парчами давлатии Тоҷикистон қад ороста, ба ифтихори он “Боғи Парчами давлатии Тоҷикистон” номгузори карда шуд.
Баландии матои парчам 30 метр ва паҳнояш 60 метр мебошад. Маросими расмии ба истифода додани он 30 августи соли 2011 бо ишироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиёии мамлакат баргузор гардид.