Лоиҳаи кушодани хатти ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид
Дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамоиш оид ба масъалаи ҳолати кунунии Лоиҳаи кушодани хатти ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки муовини аввали директори генерелӣ Шодмонбекзода Д.Ш., муовини директор Саидзода Р.Қ. ва дигар намояндагони корхона бо ҷиниби ҳайати Бюрои ҳаракати ҳавоии ҶМЧ (ATMB CAAC) ба таври маҷозӣ сурат гирифт.
Дар ҳамоиш баррасии масъалаҳои техникӣ ва насби таҷҳизотҳои авиатсионӣ низ матраҳ гардида, рӯнамоии ҳарду ҷониб инъикос гардид. Ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” иброз намуданд, ки айни замон корҳои ба насб расонидани таҷҳизотҳои аэронавигатсионӣ идома ёфта, барои хатти лоиҳаи мазкур системаи ADS-B то охири соли 2022 муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд, ки ҳангоми парвози ҳавопаймо дар баландии 11000 метр мавҷҳои таҷҳизот минтақаи парвозӣ ва ҳатто 65км берун аз хатти сарҳади давлатӣ фазои ҳавои ҶМЧ-ро низ идора хоҳад кард. Илова ба он тасмим аст, ки то охири шашмоҳаи соли 2023 таҷҳизотҳои нави DME/DME, системаи назоратии MLAT, таҷҳизоти бурдани алоқаи барқии авиатсионӣ ва якчанд системаҳои ҳозиразамон насб гарданд, ки хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро дар ин минтақа пурра таъмин хоҳанд кард.
Дар идомаи ҳамоиш ёрдамчии Раёсати ХҲҲ Менг Лонг оид ба рӯнамоӣ омоданамудаи Бюрои ҳаракати ҳавоии ҶМЧ суханронӣ намуда, барои ҳамкорӣ бо мутахассисони ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуданд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумот ва корҳои техникӣ масъулияти баланд дошта, дархости ҷониби чиниро сари вақт иҷро менамоянд.
Таъкид карда шуд, ки дар лоиҳаи роҳи нави миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин хусусияти навигатсионииRNP-4 истифода карда хоҳанд шуд. Ҳамчунин, ҳарду ҷонибро зарур аст бо сохторҳои дахлдори кишварҳояшон лоиҳаи мазкурро мувофиқа намуда барои созишномаи дуҷониба омода намоянд.
Тибқи тартиб дар идомаи корҳо бояд ҷонибҳоро зарур аст, ки барои мувофиқасозӣ ба ИКАО пешниҳод намоянд.
Дар фарҷоми ҳамоиш миёни иштирокдорон дигар масъалаҳо вобаста ба мавзӯ матраҳ гардида, ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба меҳмонони ҷониби Чинӣ барои самимият ва анҷом додани корҳои техникӣ ва иштирокашон дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, ҳайати чиниро барои идомаи машварат ба Тоҷикистон таклиф намуданд.
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”