Тамошои пахши мустақими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
Санаи 23-уми декабр, дар толори маҷлисии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” доир гардид, ки дар он тамоми ҳайати роҳбарикунандаи корхона ва коллективи меҳнатӣ иштироки фаъолона намуданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, авиатсияи гражданӣ, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”