Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
622
Ҷавонони саодатманди Тоҷикистон!
Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми май дар саросари ватани азизу маҳбубамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният менамоям. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлоли нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда истодааст. Зеро, Тоҷикистон ватани ҷавонон буда, нақш ва мавқеи онҳо имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои давлатдорӣ баръало эҳсос карда мешавад. Дар ин раванд, бояд қайд намуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” яке аз корхонаҳои ҷавони даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин аём рушд намуда барои дастгирии ҷавонон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, махсусан тоҷикаэронавигатсия тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Бояд зикр намуд, ки аксар кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро ҷавонон ташкил медиҳад. Бо мақсади беҳтар намудани шароити кории ҷавонон, такмил додани дониши онҳо, мутобиқ намудани малакаи касбии ҷавонон, инчунин сатҳи забондонии онҳо дар корхона тамоми шароитҳои зарури муҳайё карда шуда, омӯзиши соҳавии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст. Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод озмунҳо гузаронида ғолибон бо мукофотҳо сарфароз мегардад, ки барои ҳавасмандгардонии онҳо замина мегузорад. Инчунин, аз ҷониби роҳбарият бо мақсади дастгирии сисёсати ҷавонон ва ҷалби ҷавонони соҳибтахассуси соҳа тадбирҳои муҳим амали мегардад. Таъкид намуд, ки фаъолият дар фазои ороми кишвар, аз ҳама муҳим таъмини фазои сулҳу субот, оромии кишвар, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангии миллат самти асосии пешгирифтаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мебошад. Бори дигар тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо бурдбориҳо дар ҷодаи фаъолият, солимӣ ва фазои ором орзумандам.Бо эҳтиром,
Директорори генералии
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”
Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон