Иди касбӣ фархунда бод!
430
20-уми майи соли 1945 аввалин маротиба дар низоми авиатсия граждании кишвар хадамоти ҳаракати ҳавоӣ (баъдан-хадамоти идораи ҳаракати ҳавоӣ, минбаъд-раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ) таъсис дода шуд. Дар ин рӯзи фархунда роҳбарияти Корхона тамоми ҳайати шахсии Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро бо иди касбӣ табрик гуфта, ба ҳама саломатии бардавом, комёбиҳои минбаъда ва расидан ба қуллаҳои баландро таманно намуданд.
Бахшида ба 78-умин солгарди Иди касбии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ бо фармоиши Директори генералӣ, муҳтарам Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” озмуни маҳорати касбии танзимгарони хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи маҳорати касбии танзимгарони хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ки мувофиқи қоида ва тартиботи муқарраршуда гузаронида шуд, ҳайати кормандон, аз ҷумла, филиалҳои корхона иштирок намуданд. Аз рӯи натиҷаҳои даври аввал, ки омодагии назариявии мутахассисонро оид ба ҳуҷҷатҳои роҳбарӣ тавассути санҷиш муайян намуд, даҳ нафар мутахассисон ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Давраи дуюм, аз рӯи анъана, дар тадрибгоҳи муназзимӣ баргузор гардид, ки дар он кормандон машқҳои дараҷаҳои гуногуни мураккабро иҷро намуда, маҳорати худро нишон доданд. Мувофиқи холҳои бадастовардашуда ва тибқи қарорӣ Комиссияи озмун ғолибон ба таври зерин мукофотонида шуданд:
- ҷои якум: танзимгари НТР Гулов Фаридун Сатторович;
- ҷои дуюм: танзимгари БШМН Ҷумаев Умар Аъзамхонович;
- ҷои сеюм: танзимгари ТИС (Манора) Адилова Робия Нодировна. Директори генералӣ Бегиҷонзода Л.Б. ғолибони озмунро табрик намуда, онҳоро бо мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ сарфароз гардониданд.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамеша тарзи ҳаёти солимро дастгирӣ ва тарғиб намуда дар ҳаёти варзишии кормандон саҳми босазо мегузорад. Бахшида ба Иди касбии танзимгарони хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар Маҷмааи варзишӣ-тансиҳатии Корхона байни 7 даста аз ҳисоби ҳайати шахсии РХҲҲ ва БШМАНЯТҲҲ бозиҳои футболи хурд ташкил ва баргузор гардид. Дар ҷамъбасти бозиҳо, ки дар сатҳи баланди касбӣ баргузор шуданд, дастаҳои зерин соҳиби ҷоиза гардиданд:
- ҷои якум: дастаи ҳайати роҳбарикунандаи РХҲҲ;
- ҷойи дуюм: дастаи БШМАНЯТҲҲ;
- ҷойи сеюм: дастаи директори парвозҳо Шукуров Ш. А.
Дар маросими супоридани ҷоизаҳо Муовини якуми директори генералӣ Шодмонбекзода Даврон аз номи Роҳбарият дастаҳои ғолибро табрик намуда, ба ҳама барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ, ки аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» омода гардида буд, сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуот, РХҲҲ
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”