Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Ваҳдати миллӣ кафили сулҳу субот

Ваҳдати миллӣ кафили сулҳу субот
410

Чоп кардан

22-юми июни соли ҷорӣ бахшида ба 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш Муовини якуми директори генералӣ Даврон Шодмонбекзода ба ҳозирин табрикоти Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷонро ироа намуда, кулли кормандони корхонаро бо фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.
Доир ба мавзӯъи “Ваҳдати миллӣ, сарчашмаи сулҳу оромиш ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон” Шокарим Сафармамадов, иқтисодшиносӣ Шуъбаи банақшагирӣ-иқтисодӣ баромад намуда оид ба таърих ва нақши ваҳдати миллӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва нақши рушди кунунии ҷомеа суханронӣ намуд. Дар баромад қайд шуд, ки ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон миллати тоҷикро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон замина гузошт. Инчунин, таъкид гардид, ки боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи ризоияти миллии тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардида, барои ҳалли мушкилиҳои дохилии дигар кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби созмонҳои гуногуни байналмилалӣ таҳти омӯзиш қарор дорад. Имрӯз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумораи зиёди давлатҳои дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар ҳифзи манофеи миллӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва ҳалли масоили глобалӣ ҳамчун кишвари фаъол ва таъсиргузор шинохта шудааст. Аз ин лиҳоз, дар замони муосир истиқлол ва ваҳдат волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ба шумор рафта, пос доштани ин неъмати беназир, эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва мероси бойи сиёсиву маънавии роҳи давлатсозӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар идомаи ҷаласа Робия Адилова танзимгари манораи назоратии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар маърӯзаи худ таҳти унвони “Саҳми Ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди соҳаи авиатсия пас аз ба даст овардани сулҳу ваҳдати тоҷикон суханронӣ намуд. Маҳз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ буд ки дар даврони истиқлоли давлатӣ соҳаи авиатсия рушд намуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин раванд ҳамкориҳо дар соҳа бо 20 давлати ҷаҳон ба роҳ мондашуда 30 созишномаи ҳамкори ба тавсиб расидааст. Бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат ба истифода додани аэровокзал, терминали нав, терминали боркашонӣ, толори замонавии қабулу гусели меҳмонон ва аз ҳама дастоварди муҳими соҳа ба истифода додани манораи назоратии танзимӣ, бо таҷҳизотҳои муосир алалхусус, таҷҳизотҳои аэронавигатсионӣ, таъмин намудани соҳа далели ин гуфтаҳо мебошад. Натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои Иҷлосия дар барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошт.
 
Дар мавзӯъи “Сад ранги чакан ва атласу адрас хоси бонуи тоҷик” Озодамо Холиқова техник-метереологи Маркази авиатсионии метереологии Корхона баромад намуда, доир ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъати ҳунари волои халқи тоҷик фикру ақидаҳои хешро изҳор намуд. Хотиррасон шуд, ки бо иқдоми Пешвои миллат дар нишасти 13-уми ЮНЕСКО, ки дар Ҷумҳури Маврикий доир гардид, чакани миллии тоҷикон ба феҳрести меъроси ғайримоддии арзишҳои фарҳангӣ ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин замина қайд шуд, ки бонувони тоҷик вазифадоранд, ки дар нигоҳ доштани мероси миллӣ, муаррифи он дар арсаи байналмилалӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани фарҳанги либос ва либоспӯшии тоҷик саҳмгузор бошанд.
Дар қисмати дуюми хонишҳои идоравии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ки тибқи Нақшаи кории Раёсати кадрҳо ва меҳнат давра ба давра баргузор мегардад миёни ҳозирин вобаста ба мавзӯҳои дар боло зикргардида табодули афкор сурат гирифт.
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”