Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли 2023

Натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи соли 2023
598

Чоп кардан

Ҷамъбасти натиҷаҳои  фаъолияти хоҷагию истеҳсолии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар давраи шаш моҳи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда санаи 03.07.2023 бо иштироки директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Д.Ф., директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Л.Б. ва сардорони сохторҳову коллективи корӣ баргузор гардид.
Нахуст, Бегиҷонзода Л.Б. дар бораи корҳои иҷрогардида дар давраи шаш моҳи аввали соли 2023 ба ҳозирин маълумот дод. Маълум гардид, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ин давра ба 25 264 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешкаш намудааст, ки он ба миқдори 4 164 адад, яъне 20 %, зиёдтар нисбат ба ҳамин фосилаи соли 2022 мебошад (соли 2022 – 21 082 адад буд).
Сабаби асосии зиёд гардидани парвозҳо дар барқарор гардидани иҷроиши парвозҳои ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва зиёд гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, истифодаи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (транзит) мебошад.
Парвозҳои транзитӣ дар чоряки дуюми соли ҷорӣ 12 919 ададро ташкил намуд, ки 1 719  адад ё 15% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад  (соли 2022 – 11 200 адад буд).
 
Бо мақсади таҳкими иқтидор ва имкониятҳои фазои ҳавоии кишвар ва густариш додани ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар аввали моҳи май ду адад ҳуҷҷати муҳим дар самти Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.
1.Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни Марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Тошканд;
2.Созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни Марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Самарқанд.  
Баҳри таъмини фаъолияти босамари корхона  дар самти нишондодҳои дақиқ, ба истифода супоридани низоми Д-АТИС дар дастгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд бо нашри НОТАМ дар бораи пахши эъломияҳо амалӣ гардид.
 
Дар филиали корхона дар шаҳри Хуҷанд радиостансияи “Rohde&Schwarz” бо таҷҳизоти мавҷпахшнамо ба истифода супорида шуд.
Баҳри равнақ бахшидани корҳо дар самти масирҳои нав, насбу васли ду адад қабулкунаки радиобасомад дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва бо шабакаи рақамии ширкати ТТ Мобайл расонидани маълумотномаҳои рақамӣ амалӣ гардид.
Корҳои насбу васли ҷузъиёти баландбасомади низоми алоқаи радиорелеии “Серагон”, ки дар асоси шартнома амалӣ шудааст, ба миқдори 80 дона  дар тамоми мавзеъҳои ҷойгиршавии таҷҳизотҳои ширкати “Серагон” ба охир расонида шуд.
 
Дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгўии Маркази авиатсионии метеорологӣ тибқи низоми «TAF» бо ҷамъи филиалҳои корхона дар шаш моҳи аввали соли 2023 салоҳияти нишондодҳои пешгӯиро 92,1% хабар доданд, ки ин нишондиҳандаи хуб ба шумор меравад.
Пас аз маърӯзаи ҳисоботии директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” директори Агентии авиатсияи гражданӣ Дилшод Сафарзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод сухан гуфт. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки дар баробари корҳои вазифавӣ доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Дар фарҷом вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян гардида ба коллективи корӣ барору комёбиҳо таманно гардиданд.

Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”