Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САҲМИ ТИ “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ

САҲМИ ТИ “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ
363

Чоп кардан

   Санаи 21 июли соли 2023, Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии навбатии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов, муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ва аъзоёни ҳизб, баргузор гардид. 

   Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикаэронавигатсия” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интихоби раиси ва муовини Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

   Қайд гардид, ки Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикаэронавигатсия” чораҳои зарурӣ барои амали намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб ва мақомоти болоии он баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳад. Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов таъкид намуд, ки ҳизб дорои имкониятҳои васеи зеҳнӣ, амалӣ ва идоракунӣ буда,  ҳамчун нерӯи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳангӣ, сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши барҷаста дорад.

   Дар идома фаъолияти ТИ “Тоҷикаэронавигатсия” дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш азрёби шуда аз ҷониби аъзоёни ҳизб раис ва муовини он интихоб гардиданд. Дар фарҷоми маҷлис ба аъзоёни нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба фаъолон Ифтихорнома супорида шуд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”