Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ
438

Чоп кардан

Санаи 28-уми июл нишасти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК “Сомон Эйр”, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ  оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 ахборот доданд.

Дар ҳамоиш рӯзноманигорон аз АМИТ “Ховар”, телевизион ва радиоҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Ҷавонони Тоҷикистон” телевизиони “МИР” ва дигар намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Таваҷҷуҳи бештари хабарнигорон оид ба масъалаҳои барқарор намудани парвозҳо аз ҷониби ҶСК «Тоҷик Эйр», афзоиш ёфтани шумораи парвозҳои транзитӣ тариқи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди харидорӣ ва лизинги ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоҳои кишвар, бозомӯзии кормандони соҳаи авиатсия ва ба роҳ мондани хатсайрҳои нав, нигаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур қайд гардид, ки бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти авиатсионии ҷумҳурӣ, афзоиш додани ҳамкориҳо дар ин самт, бо ширкатҳои сохтмонии иншоотҳои авиатсионӣ, истеҳсолкунандагони таҷҳизоти соҳаи авиатсионӣ, инчунин, такмил ва бозомӯзии мутахассисони соҳа ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда созишномаҳои дахлдор таҳия ва ба имзо расонида шудааст.

Дар фарҷом роҳбарияти авиатсияи гражданӣ ба намояндагони васоити ахбори омма барои ба соҳа таваҷҷўҳи беандоза зоҳир намудан ва аз ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахш изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”