Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МАСОИЛИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА САЙЁҲӢ ДАР ХОНИШИ ИДОРАВӢ

МАСОИЛИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА САЙЁҲӢ ДАР ХОНИШИ ИДОРАВӢ
356

Чоп кардан

Санаи 31 августи соли 2023 тибқи Нақшаи хонишҳои идоравии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар толори маҷлисӣ бо иштироки коллективи корӣ ҳамоиш баргузор гардид. Даврон Шодмонбекзода муовини якуми директори  генералӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки мавзӯъҳои “Анъанаҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ”, “Сайёҳӣ инъикоскунандаи маданияту фарҳанги бои давлатдорӣ” дар радифи дигар маърӯзаҳои хонишҳои идоравии қаблӣ муҳим арзёби гардида, матраҳу баррасии он дар шароити кунунии саривақтӣ арзёби мегардад.

   

Сипас, тиқби нақша вобаста ба мавзӯъҳои дар боло зикр гардида Аббос Афсаҳзода муовини сардори Маркази таълимии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” оиди таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ойину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки татбиқи қонуни мазкур дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа боиси таҳаввулоти ҷиддӣ  гардидааст. Вобаста ба мавзӯъи анъанаҳои миллӣ, фарҳангу тамаддун зимни ироаи маърӯза мубодилаи афкор сурат гирифт, ки аз ҷониби шунавандагон таклифу пешниҳодҳои ҷолиб иброз шуд.

   

Дар давоми кори ҷаласа Шакармоҳ Манзаршоева муҳандис-метеорологӣ Маркази авиатсионии метеорологии корхона дар мавзӯъи  “Сайёҳӣ инъикоскунандаи маданияту фарҳанги бои давлатдорӣ” баромад  намуда иброз дошт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Хушбахтона солҳои охир дар кишварамон намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумлаи сайёҳии варзишӣ, кўҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ, этнографӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ, истироҳатӣ рушд карда истодаанд.

 

 Дар асоси таҳлили коршиносон бо такя ба далели кўҳсор будани 93%-и ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар муайян шудааст, ки инҳо туризми кўҳнавардӣ, туризми кўҳиву варзишӣ, алпинизм, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми этнографӣ, туризми экологӣ мебошанд. Татбиқи марҳилаи дуюми “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дигаргуниҳои ҷиддӣ дар соҳа ва ҷалби бештари сайҳон ба Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтисодиёт мусоидат менамояд.

Бояд қайд намоем, ки ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аз ҷумла дар самти авиатсияи гражданӣ яке аз вазифаҳои калидӣ дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” буда ҷиҳати расидан ба он тамоми тадбирҳои зарурӣ чораандеши гардидаистодааст. Дар фарҷом вобаста ба маърӯзаи иштирокдорон мулоҳизаҳо ва қайдҳои зарурӣ барои ҳайати коллективи корӣ дарҷ гардид, ки барои фаъолияти минбаъдаи худ татбиқ менамоянд.

 Маркази матбуоти

КВД “Тоҷиаэронавигатсия”