Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2023

НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2023
339

Чоп кардан

Санаи 9-уми октябри соли 2023 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ва сардорони сохторҳо бо ҷамъи дигар кормандон ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. 

     

Лоиқ Бегиҷонзода дар баромади худ таъкид намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025”, як чанд таҷҳизоти навигатсионӣ ва дигар воситаҳои асосӣ харидорӣ, илова ба он таҷҳизоте, ки ниёз ба таъмир доштанд ба ислоҳсозӣ фаро гирифта, дар ҷойҳои зарурӣ васлу насб гардиданд, ки он бевосита барои таъмини амнияти парвози киштиҳои ҳавопаймоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Корхона бо ҷамъи филиалҳо ба 37 747 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз зиёд мебошад. Парвозҳои транзитӣ дар ин давра 18 691 ададро ташкил дод, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 10, 8 фоиз зиёд аст. 

 

Маркази авиатсионии метеорологӣ тибқи низоми “TAF” дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгўиро дар нуҳ моҳи соли 2023 ба 93,4 фоиз расонид. Дастоварди дигари корхона дар ин давра насбу васли таҷҳизоти низоми овозӣ дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати ZAMAK AG дар филиалҳои шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ва омӯзиши кормандон доир ба истифодаи таҷҳизот, инчунин озмоиши ҳавоии низоми мушоҳидавии ADS-B дар парвози ғайрихатсайрӣ ба қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи ҳавопаймои В 787 аз ширкати “Сомон Эйр” мебошад. Бо мақсади ба роҳ мондани хати нави ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин машварати муштараки ҳайати роҳбарикунандаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо ҳайати кории марбути Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Пекин, вохӯрии сатҳи олии мақомотҳои авиатсионии ду кишвар сурат гирифт. Инчунин, ташкил ва гузаронидани вохӯрии навбати дар моҳи декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст. Дар рафти ҳамоиш доир ба тадбирҳои тарбия ва дастгирии мутахассисони лаёқатманд, ташкилу маблағгузориҳои таълиму тадриси касбӣ ва бозомӯзии ҳирфавӣ, ҳамзамон забономӯзии кормандон қайд гардид. Зикр гардид, ки Корхона қариб дар доираи хизматрасонии худ ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бошарафона иҷро намудаистодааст. Масъулин вазифадор гаштанд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ҷораҳои саривақтӣ андешанд.

 

Дар навбати худ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода оид ба нақши Корхона дар татбиқи “Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025”, ёдовар шуда таваҷҷуҳи махсусро ба раванди муосиркунонии таҷҳизот, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, омода намудани мутахассисони соҳа ва рушди ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ҷалб намуд. Дар фарҷом фаъолияти Корхона дар маҷмӯъ қаноатбахш ҳисобида шуда ба фаъолити он пешрафти минбаъдаро таманно намуданд.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”