ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНОН ҚАДРДОНИ ГАРДИД
Санаи 12 октябри соли 2023, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо Сипосномаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар пешниҳоди хизматрасонии ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ қадрдони гардид. Сипосномаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти агентӣ дар чорабинии вижа, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи соҳибкорон ва Рӯзи умумиҷаҳонии стандартҳо, ки дар ҷумҳурӣ ҳамасола 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, супорида шуд.
Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ Корхона аудити берунӣ тибқи стандарти байналмилалии сифат ISO 9001-2015 ва талаботи Низоми менеҷменти сифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бомуваффақият гузаронида, сертификати марбутро ноил гардид. Боиси сарфарози мебошад, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва Созмони байналмилалии стандартизатсия (ISO) чораҳои саривақти амалӣ менамояд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”