Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҲАМКОРИҲОИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ВА АКАДЕМИЯИ АВИАТСИЯИ БЕЛАРУС ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

ҲАМКОРИҲОИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ВА АКАДЕМИЯИ АВИАТСИЯИ БЕЛАРУС ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
294

Чоп кардан

Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи авиатсия, маориф ва ғайра, дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи авиатсия омода мешаванд. Бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълим ва буду боши ин донишҷӯён дар академияи мазкур бо роҳнамоии директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон, сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнат Хоҷаев Олим Фахриевич сафарбар гардиданд. 

Зимни сафар мулоқот бо ректори Академияи давлатии авиатсияи Беларус Артём Шегидевич доир гардида, масъалаҳои қабул ва таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар академия, омода намудани мутахассисонӣ соҳаи авиатсия ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд миёни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва Академияи давлатии авиатсияи Беларус баррасӣ гардид. 

    

Дар доираи сафари корӣ, инчунин бо шарту шароити таълимӣ, раванди таҳсил дар факултаи авиатсияи гражданӣ, маркази таълимии техникии авиатсионӣ, майдончаҳои варзишӣ ва хобгоҳҳо аз наздик шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” сиёсати маорифатпарваронаи роҳбарияти олии кишварро дастгирӣ намуда барои омода намудани мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ тамоми шарту шароити мусоидро фароҳам овардааст. То имрӯз дар академия 18 нафар донишҷӯ тибқи ихтисосӣ ташкили ҳаракат ва таъмини парвозҳо дар нақлиёти ҳавоӣ (ташкили ҳаракати ҳавоӣ) ва истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти радиоэлектронӣ) ба таълим фаро гирифта шуда, пурра аз ҷониби корхона маблағгузорӣ карда мешавад.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”