Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДЕҲАИ САРОБИ ДЕҲОТИ ЗАЙНАБОБОДИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ «ҲИЛОЛ»-РО БА ИСТИФОДА ДОДАНД

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ДЕҲАИ САРОБИ ДЕҲОТИ ЗАЙНАБОБОДИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ «ҲИЛОЛ»-РО БА ИСТИФОДА ДОДАНД
209

Чоп кардан

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии “Ҳилол”-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

Коргоҳи нав асосан ба парвариши парандаҳои навъи мурғи марҷон, кабк ва фазан машғул буда, дар навбати аввал ҳадаф дорад эҳтиёҷоти бозорҳои дохилиро бо гӯшти парҳезии паранда қонеъ созад. Бо афзоиш ёфтани иқтидори парваришу истеҳсол, дар оянда содироти маҳсулоти ниҳоӣ  ба дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст.

Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи мазкур боиси таъмини 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” иқтидор дорад дар як марҳила 70 ҳазор сар мурғи марҷон, кабк ва фазанро парвариш намуда, дар як сол то 1 миллион сар ин номгӯи парандаро нигоҳубину парвариш намояд.

Талабот ба гӯшти мурғи марҷон, кабк ва фазан дар бозорҳои истеъмолӣ хеле зиёд аст, зеро гӯшти ин парандаҳо парҳезӣ мебошад. Ифтитоҳи Корхонаи “Ҳилол” дар навбати худ таъминоти аҳолиро бо ин навъи маҳсулот хеле беҳтар месозад, зеро коргоҳ дар як сол иқтидор дорад то 300 ҳазор тонна гӯшти ин се навъи парандаро истеҳсол ва ба харидорон пешниҳод намояд.

Дар корхона тамоми марҳилаҳои парвариш, аз инкубатсия сар карда  то нигоҳубин ва забҳи паранда амалӣ карда мешавад.

Дар маҷмуъ, иншооти нав дорои 11 бино буда, дар дохили он биноҳои парандапарварӣ, коргоҳи инкубаторӣ - чӯҷапарварӣ, коргоҳи забҳи паранда, сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, бинои маъмурӣ ва ошхона барои кормандон ҷой дода шудааст.

Тухми инкубатсионӣ, ки аз Фаронса, Русия, Англия ва Эрон ворид мегардад, дар коргоҳи алоҳида бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ парвариш карда мешавад. Коргоҳ барои нигоҳубини дурусти тухм ва таъмини маҳсулнокии баланди истеҳсолӣ, дорои дастгоҳҳои пешқадам буда, вобаста ба тухми паранда, дар муҳлати аз 24 то 29 рӯз чӯҷа мебарорад. Дар оянда  талаботи сехи инкубатсионӣ аз ҳисоби истеҳсоли тухми худи корхона қонеъ карда мешавад.

  Дар 6 бинои алоҳидаи муҷаҳҳаз парвариши паранда роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, нигоҳубини мурғи марҷон, фазан ва кабк бо усули қафасӣ ва шакли маъмулӣ роҳандозӣ шуда, ин марҳила ба тарзи автоматӣ амалӣ мешавад. Дар корхонаи парандапарварӣ раванди таъмини обу ғизо, тадбирҳои зооветеринарӣ, аз қабили ваксинакунии парандагон, тадбирҳои санитарию беҳдоштӣ ба таври худкор иҷро мегардад. Ҳамчунин ҳарорати дохили биноҳои парандапарварӣ бо истифода аз дастгоҳҳои насли нав ба таври автоматӣ назорат карда мешавад. Васлу насби таҷҳизоти муосири соҳа ва имконияти мусоид ба парваришу дуруст вазнгирии кабк, мурғи марҷон ва фазан боис гардида, дар давраи парвариш кабк то 450 грамм, фазан то 1 килограмм ва мурғи марҷон вобаста ба зот аз 8 то 25 килограмм вазн хоҳад гирифт.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки забҳи паранда бо назардошти меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ дар сехи алоҳида амалӣ карда мешавад. Забҳхонае, ки дар дохили Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” бунёд гардидааст, бо дастгоҳҳои замонавии сохти Олмон ва Чин муҷаҳҳаз мебошад. Дастгоҳҳое, ки барои забҳи фазан ва мурғи марҷон пешбинӣ гардидаанд, бори нахуст дар мамлакат мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Ин сех, ки ба тарзи фабрикавӣ фаъолият менамояд, имконият дорад, ки дар як шабонарӯз то 21 ҳазор сар парандаро забҳ намуда, мувофиқи талабот банду баст ва ба харидорон пешниҳод намояд.

Барои нигоҳубини маҳсулоти тайёр корхонаи навтаъсис дорои сардхонаи алоҳида буда, дар ин ҷо маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд нигоҳубин карда мешавад. Ин сардхонаи азим иқтидор дорад, ки якбора то 300 тонна маҳсулоти тайёрро нигоҳ дошта, сифати баланди онро таъмин намояд.

Иброз гардид, ки таъмини хӯроки паранда низ аз ҳисоби фаъолияти сехи алоҳидаи худи корхона қонеъ карда мешавад. Дар ин ҷо бо истифода аз компонентҳои алоҳида, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад, дар як моҳ то 43 тонна хӯроки омехтаи паранда истеҳсол карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки ҳадафи таъсиси Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” на танҳо таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезии паранда аст, балки дар нақша аст, ки бо ифтитоҳи ин коргоҳ саршумори парандагони нодир дар табиати Тоҷикистон низ афзоиш дода шавад. Зеро корхонаи мазкур ҳамасола дар баробари забҳ, ҳамчунин то 100 ҳазор сар парандаро ба табиати кушод дар минтақаҳои гуногуни мамлакат сар дода, ба ин васила, дар зиёдшавии саршумори парандагони нодир, ҳифзи муҳити зист ва таъмини гуногунии биологӣ ҳисагузорӣ менамояд.

Бояд таъкид кард, ки ин корхонаи парвариши парандагони нодир дар миқёси Осиёи миёна ягона мебошад.

Барои кормандон дар ҳудуди корхонаи парандапарварӣ ҳамчунин як ошхонаи алоҳида низ бо шароити зарурӣ бунёд гардидааст.

Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” дар масоҳати 4 гектар замин бунёд шуда, заминҳои ҳудуди он ҷиҳати парвариши маҳсулоти кишоварзие, ки барои омодакунии хӯроки омехтаи паранда зарур аст, истифода мешавад. Об низ барои фаъолияти истеҳсолии корхона ва шодобкунии заминҳо аз ҷоҳи амудӣ, ки дар ҳудуди корхона сохта шудааст, дастрас мегардад. Ҳамчунин дар доираи бунёди Корхонаи парандапарварии “Ҳилол” наздик ба 1 километр роҳи ҳудуди деҳаи Сароби деҳоти Зайнабобод таъмиру мумфарш карда шуд.

Зимни боздид ва шиносоӣ аз корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корхонаи нав баҳои баланд дода, ба масъулин барои таъмини самаранокии фаъолият, истеҳсоли гушти аълосифати парҳезӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот, инчунин зиёд кардани саршумори паранда дар табиат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, аз намоиши маҳсулоти корхонаи мазкур ва хоҷагии ҷангал дидан намуданд, ки дар он навъҳои гуногуни дарахтон, тухм ва гӯшти кабк, мурғи марҷон ва фазан ба намоиш гузошта шуд.

                                                                                                                                                                             http://prezident.tj/node/31740