ТАҲИЯИ НАҚШАИ МИЛЛИИ ТАЪМИНИ ПАРВОЗҲОИ БЕХАТАРӢ (NASP)-И ТОҶИКИСТОН
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, намояндаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар семинари Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба таҳияи Нақшаи миллии таъмини парвозҳои бехатар (NASP), ки аз ҷониби ИКАО дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардид, иштирок намуданд. Чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Директори минтақавии ИКАО дар Париж Николас Ралло ва бо иштироки коршиносони ташкилот Мартин Маурино, Аркадий Меркулов ва Лейла Сулаймонова баргузор гардид.
Аз ҷониби коршиносон талабот ва марҳилаҳои таҳияи нақша ба иштирокчиён муаррифи шуд. Дар рафти семинар намояндагони кишварҳои дорои таҷриба дар таҳия ва татбиқи NASP - Испания, Туркия, Гурҷистон ба иштирокчиён дар иҷрои машқҳои амалии семинар мусоидат намуданд.
Дар тули 3 рӯз иштирокчиёни семинар тибқи мавзӯӣ Ҳадафҳои асосии таҳияи NASP, Консепсияҳои асосии таҳияи NASP, муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои миллии таъмин намудани бехатарии парвозҳо, муайян намудани масоили миллии таъмин намудани бехатарии парвозҳо, интихоби ташаббусҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи кафолати бехатарӣ (SEI) ва ғайраро бо ҳам мубодилаи таҷриба намуданд.
Ҳадафи асосӣ ҳамоҳангсозии кишварҳои иштироккунанда, мубодилаи таҷриба ва мусоидат дар таҳияи нақша барои дигар кишварҳо буд. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзои ИКАО барои мутобиқ кардани авиатсияи гражданӣ ба талаботҳои ташкилоти мазкур шароити зарурӣ фароҳам овардааст. Дар ин раванд КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамчун хизматрасони калидии соҳа ба ҳисоб рафта дар таҳияи NASP саҳм мегузорад.
Бо мақсади таҳияи Нақшаи миллии таъмини парвозҳои бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки аз 12 нафар иборат буда намояндагони Корхона дар ин гуруҳ шомил мебошанд. Пешниҳоди лоиҳаи ниҳоии нақша дар аввали моҳи ноябри солӣ ҷори ба нақша гирифта шудааст.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”