ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ДОИР БА ҶОРӢ ВА ИДОРАКУНИИ СИСТЕМАҲОИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР ҶОПОН
Корманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар қатори намояндагони 7 кишвари ҷаҳон дар барномаи муштараки Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) иштирок намуд. Барномаи “Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)”, ки аз санаи 25-уми сентябр то 13-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Токиои Ҷопон баргузор шуд, мутахассисони соҳаи аэронавигатсияи Лаос, Малдив, Мозамбик, Непал, Тимури Шарқӣ, Тоҷикистон ва Ҷибутиро бо ҳам овард.
Дар тули се ҳафта ширкаткунандагони барнома донишҳои худро оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои навтарини системаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ вобаста бо ANS, аз қабили Системаи ҷаҳонии моҳвораи навигатсионӣ (GNSS), ки мавҷҳои радиои моҳвораи навигатсиониро барои муайян кардани мавқеъи ҳавопаймо, инчунин системаҳои назорати фурудгоҳ ва фазои ҳавоӣ истифода мешавад, манораи дурдаст (Remote Tower), ADS-B ва системаи МЛАТ-ро такмил доданд.
Дар баробари омӯзиш ва мубодилаи таҷриба, инчунин мутахассисон аз Маркази баҳодиҳии самаранокии шабака (NPAC), Донишкадаи тадқиқотии навигатсияи электронӣ (ENRI), ки муассисаҳои рушднамуда дар ҷорӣ кардани технологияи ANS дар Ҷопон ба ҳисоб мераванд, ва аз фурудгоҳҳои Токио ва Наҳа дидан намуданд.
Ҳадафи асосии барномаи мазкур такмили донишҳои асосӣ, амалиёт ва нигоҳдории воқеии системаи навигатсионӣ (GBAS/SBAS) ва системаи назоратӣ (WAM, MLAT, ABS-B ва ғайра), истифода/ҷорӣ намудани усулҳои нав, аз қабили AFIS ва Системаи муайянкунии ҷисмҳои бегона (FODD system) равона гардида хизматрасонии навигатсиониро дар кишвар боз ҳам беҳтар мегардонад.
Бояд ёдовар шуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи аэронавигатсия ба роҳ монда то ба имрӯз ба як қатор фаъолиятҳоро ба роҳ мондааст. Татбиқи “Лоиҳаи рушди иқтидор барои татбиқи PBN” яке аз онҳо ба ҳисоб меравад. Иштирок дар Барномаи “Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)” ба мутахассисони Корхона дар муайян намудани лоиҳа ва системаҳои нав мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”