Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУҲАНДИСИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” АЗ ДАВРИ ИНТИХОБӢ ГУЗАШТ

МУҲАНДИСИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” АЗ ДАВРИ ИНТИХОБӢ ГУЗАШТ
388

Чоп кардан

Дар доираи барномаи таълимии ИКАО дар Корея, омӯзиш доир ба хизматрасонии техникии DVOR/DME аз 31 октябр то 10 ноябри соли 2023 дар Маркази таълимии авиатсияи гражданӣ дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад. Барои иштирок дар омӯзиши мазкур муҳандиси Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Шарипов Беҳрӯз аз марҳилаҳои интихобӣ гузашта ба Кореа Ҷанубӣ сафар намуд.

   

Ҳадафи омӯзиш такмил додани донишу малакаҳои мутахассисон доир ба таҷҳизоти навигатсионии DVOR мебошад. Дар рафти барномаи таълимӣ дар Корея ширкаткунандагон назарияи фаъолияти DVOR, тавсифи системаи мавҷпахшкунӣ, усулҳои истифода ва нигоҳдории DVOR ва нақшаи навсозӣ ва модернизатсияи иншооти аэронавигатсия дар Ҷумҳурии Кореяро баррасӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар омӯзиши мазкур 15 нафар мутахассисони соҳаи аэронавигатсия аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”