Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИФТИТОҲИ ФОРУМИ “AVIATION AND LOGISTICS 2023”, ТОШКАНД

ИФТИТОҲИ ФОРУМИ “AVIATION AND LOGISTICS 2023”, ТОШКАНД
412

Чоп кардан

Санаи 1-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Тошканд аввалин форуми байналмилалии нақлиётии СҲШ, Намоишгоҳи 19-уми байналмилалии “TransLogistica Uzbekistan 2023” ва форуми “Aviation and Logistics 2023” кори худро оғоз намуд.

Кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар қатори дигар намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин форум иштирок доранд.

   

Дар қатори намояндагони соҳаи нақлиёти кишварҳои ширкаткунанда Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар маросими ифтитоҳи аввалин форуми байналмилалии нақлиётии СҲШ иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки аввалин форуми байналмилалии нақлиётии СҲШ, Ҷаласаи 12-уми вазирони нақлиёти Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Форуми байналмилалии авиатсионии “Aviation and Logistics 2023” ва Намоишгоҳи 19-уми байналмилалии “TransLogistica Uzbekistan 2023”, ки аз санаи 1-уми ноябр оғоз гардид, то 3-юми ноябри соли 2023 идома меёбад.

Ёдовар гардид, ки намоишгоҳ ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикии АМА, Беларус, Гурҷистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Латвия, Литва, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Чин ва Швейтсария ширкат менамоянд.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”