Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАРАННУМГАРОНИ ВАТАН

ТАРАННУМГАРОНИ ВАТАН
384

Чоп кардан

Санаи 3-юми ноябри соли 2023 ҳамоиш оид ба санаҳои ҷашнӣ дар доираи Нақшаи хонишҳои идоравии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар толори маҷлисгоҳ баргузор гардид. Ҳамоишро сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” оғоз намуда ҳозиринро бо рӯзномаи ҳамоиш шинос намуд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳиссӣ ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол Маҳмадраҳим Тоиров, муҳандиси шуъбаи ҳифзи меҳнат ва техника бехатарӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқуллодаи Корхона дар мавзӯӣ “Кониститутсия – ифодагари адолат ва ҳақиқит” суханронӣ намуд.

 

Аз ҷумла қайд намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад. Инчунин зарурати омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия – санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ҳам фарзу ҳам қарзи ҳар як яъзои ҷомеаи кунунии Тоҷикистон таъкид гардид.

Сипас Иброҳимзода Муҳаббат, сармутахассиси маркази матбуоти Корхона дар мавзӯӣ “Тараннумгарони Тоҷикистони соҳибистиқлол”, ки таҷлили “Рӯзи Президент” ва “Рӯзи Парчами давлатӣ”ро таҷассум дошт, баромад намуд.

      

Зимни суханронӣ диққати ширкаткунандагон ба нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири давлатдории миллӣ ва баровардани кишвар аз буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки боиси унвони олии Пешво гардиданд, равона шуд. Арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатї соҳибистиқлоли тоҷикон ва рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа буданро тақозот дошт.

Мавриди зикр аст, ки соли 2011 бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам афрохта шуд, ки бо баландӣ ва паҳноӣ дар ҷаҳон назираш набуд ва хушбахтона ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид гардид.

Чуниш ҳамоиш ва хонишҳои идоравӣ метавонад дар баланд бардоштани завқи кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии онҳо нақши калидӣ гузорад.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”