ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ДАР ФАЪОЛИЯТИ “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
Санаи 9-уми ноябри соли 2023 бахшида ба 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон, роҳбарони сохторҳои таркибӣ ва кормандон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Лоиқ Бегиҷонзода ҳозирин ва дар симои онҳо ҳар як тоҷику тоҷикистониро бо Рӯзи қабули бахтномаи миллати тоҷик табрику таҳният намуда, фаъолияти рӯзмарраи КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро ба талаботи меъёрҳои конститутсия мушаххас ва мусоид арзёбӣ кард.
Ҳамчунин бо ифтихор изҳор намуд, ки Тоҷикистон бо эълони созмон додани чунин ҷомеа ва давлат ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид ва дар ин роҳ ҳамчун қисми ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи мутамаддини башарӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Зимнан қайд шуд, ки дар асоси меъёрҳои Конститутсия миллати тоҷик ба созмон додани пояҳои устувори ҷомеа ва давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мушарраф гардида, таъмини рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишвар барои ҳар як шаҳрванди мамлакат фароҳам аст.
Дар Конститутсия принсипу меъёрҳои бунёдии ҷомеа ва давлат муқаррар шудаанд, ки онҳо асоси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати хориҷии давлатро ташкил медиҳанд, гуфта шуд зимни баромади Лоиқ Бегиҷонзода.
Дар идомаи маҷлис масоили вобаста ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, такмили ихтисоси кормандон, бозомӯзии мутахассисон дар хориҷи кишвар, мутобиқ намудани сатҳи забондонии кормандон тибқи талаботи соҳа, тарбия намудани кадрҳои ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳхоҳӣ, ободкориву созандагӣ ва риояи қонунҳо баррасӣ гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулин вазифадор гардиданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”