Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
271

Чоп кардан

“Air Astana” тасмим гирифтааст, ки ҳашт парвози иловагиро аз Қазоқистон ба Чин ҷорӣ намояд. Парвоз дар хатсайрҳои Алмаато – Пекин аз 6 то 7 парвоз, Остона – Пекин аз 1 ба 3 парвоз ва Алмаато – Урумчӣ аз 2 то 7 парвоз дар як ҳафта пешбинӣ шудааст. Инчунин аз рӯзи ҷумъа сафар бидуни раводид амалӣ гардид, аммо он ба шаҳрҳои Ҳонконг ва Макао татбиқ намешавад. Шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба Ҳонконг бидуни раводид то 14 рӯз сафар кунанд; барои боздид аз Макао онҳо бояд раводид гиранд.  

***

“Wizz Air Abu Dhabi” парвозҳоро аз Абу-Дабӣ ба Қазоқистон моҳи январи соли 2024 дар як ҳафта се маротиба дар рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе оғоз менамояд.

***

Санаи 10-уми ноябр “China Southern Airlines” се маротиба дар як ҳафта парвозҳоро ба Кристчерч оғоз кард, ки ҷазираи ҷанубии Зеландияи Нав бори дигар ба материкии Чин пайваст ва хизматрасонии мустақими мавсимии Чинро дар байни Гуанчжоу ва Крайстчерч барқарор намуд.  

***

Аз санаи 14-уми ноябр, ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” нақша дорад, ки бо як парвоз дар як рӯз ба Чжанҷзяҷие-Шенҷен ҳузури худро барқарор намояд.

***

Фаъолияти ширкати нав – “Air Samarkand” дар Ӯзбекистон оғоз гардид. Ширкат парвозҳоро тавассути “Airbus” амалӣ менамояд. Ширкати ҳавопаймоӣ умедвор аст, ки то охири соли 2023 аз Самарқанд ба чанд самт парвозҳои мунтазам ва чартериро анҷом диҳад. Тасдиқ шудааст, ки хатсайрҳои ибтидоӣ шаҳрҳои Туркия, Ветнам, Малайзия, Индонезия ва Чин хоҳанд буд.

***

Дар фурудгоҳи Тошканд хизматрасоние ҷорӣ карда шуд, ки ба муштариён имкон медиҳад вақти худро дар навбат беҳуда масраф накунанд.

***

“Air India”-и Ҳиндустон бомуваффақият аввалин ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон гардид, ки Маҳараҷа, агенти тавлидкунандаи виртуалии AI (зеҳни сунъӣ)-ро муаррифӣ мекунад. “Air India” агенти AI-ро моҳи марти соли ҷорӣ барои озмоиш оғоз намуд, ки он ҳар рӯз ба беш аз 6,000 савол ба чаҳор забон: ҳиндӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ посух медиҳад.

***

Имрӯз намоишгоҳи “Dubai Air Show-2023” кори худро оғоз менамояд.

(Манба:Aviation Explorer, Aviation Source News, China Southern Airlines, Simple Flying, СИНЬХУА)