Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАКМИЛИ МАЛАКАИ МУТАХАССИСИ ҶАВОН

ТАКМИЛИ МАЛАКАИ МУТАХАССИСИ ҶАВОН
368

Чоп кардан

Тавре қаблан хабар дода будем, муҳандиси навбатдори Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Шарипов Беҳрӯз  марҳилаҳои интихобиро бо муваффақият гузашта, барои боз ҳам густариш додани малакаи тахассусӣ ба Кореяи Ҷанубӣ фиристода шуд.  Беҳрӯз омӯзиши “DVOR/DME Maintenance”-ро, ки аз санаи 31-уми октябр то 10-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маркази таълимии авиатсияи граждании Сеул баргузор гардид,  хатм намуда, соҳиби сертификат шуд.

 

Инчунин, дар доираи омӯзиши амалӣ дар қатори дигар иштирокчиён аз Корпоратсияи Фурудгоҳи Корея (KAC) ва Фурудгоҳи Байналмилалии Гимпо (GMP, RKSS) дидан намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи омӯзиши мазкур такмил додани маҳорат дар раванди истифодабарии DVOR (Doppler VHF Omni Directional Range) ба хизматрасонии техникии DVOR/DME, ки тӯлонитарин омӯзиши FTP ба ҳисоб рафта,  аз соли 2002 инҷониб ҳар сол гузаронида мешавад, ҳамчун воситаҳои муҳими бехатарии навигатсионии фурудгоҳҳо – DVOR,  ба меъёрҳо ва таҷрибаҳои тавсияшавандаи байналмилалии ИКАО (SARPs) мувофиқат менамояд. Иштироки Беҳрӯз Шарипов дар ин омӯзиш як қадами дигаре барои беҳбудии хизматрасонӣ дар раванди таъмини радиотехникии парвозҳо мебошад.

   

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”