ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
“United Airlines” барқарор намудани парвозҳои ҳамарӯзаро аз Ню Йорк ба Пекин ва Шанхай ба таъхир гузошт. Барқарори парвозҳо дар моҳи феврал пешбинӣ шудааст.
***
Тибқи таҳлили коршиносон, пас аз мулоқоти Ҷо Байден ва Си Ҷинпин, Чин метавонад фармоиши аввалини Boeing-и 737 MAX-ро дархост намояд, ки эҳтимолан равобити тиҷоратӣ ва рушди саноати авиатсионии ИМА-ро афзоиш диҳад. Тибқи таҳлили Boeing, саноати авиатсияи босуръат афзояндаи Чин ва эҳтиёҷоти иқтидор дар тӯли чанд даҳсолаи оянда тақрибан 6,500 ҳавопаймоҳои хурдғунҷоиши (узкофюзеляжных самолетов) навро талаб мекунад.
***
Санаи 8-уми ноябр дар системаи China Southern Airlines мушкилии техникӣ ба вуҷуд омад, ки иштибоҳан чиптаҳо ҳамагӣ бо арзиши 10 юан фурухта шуд. Ин мушкилии техникӣ дар давоми як соат бартараф шуд. China Southern Airlines эълон намуд, ки ҳама чиптаҳои дар вақти қатъи система фурӯхташуда эътибор доранд, ки ин эҳтиром ба ҳуқуқи истеъмолкунандагонро нишон медиҳад.
***
Рӯзҳои 28-29-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Алмаато аз ҷониби Маъмурияти авиатсионии Қазоқистон бо дастгирии Кумитаи авиатсияи гражданӣ семинари минтақавӣ дар мавзӯи “Формати глобалии гузоришдиҳии маълумот оид ба ҳолати сатҳи болоии хати парвоз ва фуруд ICAO GRF” баргузор мешавад. Дар чорабинӣ мутахассисони Идораи федералии авиатсияи граждании ИМА (FAA), Airbus, мақомоти авиатсияи граждании Озарбойҷон, ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот ва нармафзор барои арзёбии ҳолати хатҳои парвоз - Moventor Oy, Monitor Soft, Маъмурияти авиатсионии Қазоқистон, “Қазаэронавигатсия”, ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва фурудгоҳҳо баромад менамоянд. Ҳадафи асосии ICAO GRF коҳиш додани хатари берун рафтани ҳавопаймо аз хатти парвоз мебошад. Бо дарназардошти он, ки раванди татбиқи GRF ва татбиқи минбаъдаи он, аз ҷумла барои кишварҳои ИДМ мушкилоти зиёде ба миён гузоштааст, ҳадафи семинари мазкур мубодилаи таҷрибаи ҳалли мушкилоте, ки ҳангоми ҷорӣ ва татбиқи GRF ба миён омадаанд, бо кишварҳои минтақа мебошад. Қазоқистон яке аз аввалин кишварҳои ИДМ аст, ки 100% татбиқи Формати глобалии гузоришдиҳии маълумот оид ба ҳолати сатҳи болоии хати парвоз ва фурудро эълон кардааст. Ин раванд аз ҷониби Идораи авиатсионии Қазоқистон моҳи ноябри соли 2021 бомуваффақият анҷом дода шуд.
***
Санаи 13-уми ноябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии туркӣ SunExpress нахустин парвози худро аз Измир ба Самарқанд анҷом дод, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкории ширкатҳои Air Marakanda ва SunExpress оғоз гардид.
***
Санаи 13-уми ноябр Air Samarkand ҳавопаймои дуввуми Airbus A321-ро дасрас намуд.
***
RedWings Airlines парвозҳои мустақимро аз Екатеринбург ба Минск бо таваққуф дар Самара оғоз кард.
***
Дар соли 2024 таҳвили 22 ҳавопаймои пурраи воридотивазкунандаи SJ-100 ба ширкатҳои ҳавопаймоии Росия дар назар аст.
***
Ширкати ҳавопаймоии армании FlyOne Арманистон аз 15-уми декабр ба фурудгоҳи байналмилалии Шереметевои Масква парвозҳои мустақими ҳамарӯзаро оғоз мекунад.
***
Шурӯъ аз 11-уми ноябр - Utair тахфифҳоро барои чиптаҳои ҳавопаймо ва хизматрасониҳои иловагиро барои аъзоёни барномаи Utair Status васеъ мекунад.
***
Таъминкунандагони хизматрасонии авиатсияи граждании Швейтсария SITA тасмим гирифт, ки ширкатҳои нақлиёти ҳавоии Росияро аз дастрасии минтақаи домени сатҳи байналмилалии авиатсиони (.aero), ки онро идора мекунад, боздорад. Бархе аз онҳо аллакай дар бораи қатъи сабти ном ва тамдиди доменҳо дар ин минтақа аз 10-уми ноябр огоҳӣ гирифтаанд.
***
IndiGo ва Qantas шарикии мубодилаи рамзҳо (код-шеринговое соглашение)-ро васеъ намуданд, ки мусофирони IndiGo ба самтҳои калидӣ дар Австралия, аз Мелбурн ва баъдтар аз он ҷумла Сидней, Перт ва Брисбен дастрасӣ пайдо намоянд. Шарикӣ ба муштариёни IndiGo имкон медиҳад, ки бефосила ба Сингапур парвоз кунанд ва сипас ба парвозҳои Qantas ба Мелбурн пайваст шаванд. IndiGo инчунин бо дигар ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла British Airways, Turkish Airlines, Qatar Airways, American Airlines ва Air France-KLM созишномаҳои мубодилаи рамзҳоро ба имзо расонидааст.
***
“Turkish Airlines” парвозҳои худро ба ИМА бо як парвози нав аз Истанбул ба Детройт васеъ мекунад, ки дар як ҳафта се маротиба бо ҳавопаймои Boeing 787-9 Dreamliner парвоз хоҳад кард.
***
Malaysia Airlines ду хатсайри навро аз Ҳиндустон амалӣ менамояд. Парвозҳо ба Куала-Лумпур аз Тируванантапурам ва Амритсар оғоз шуданд ва Аҳмадобод 1-уми декабр ба ин рӯйхат шомил мегардад.
***
Дар доираи намоишгоҳи бузурги соҳаи авиатсия дар Дубай АirBaltic боз 30 ҳавопаймои “Airbus”-ро харидорӣ менамояд. Дар ин раванд “Emirates Airline” дар бораи хариди ҳавопаймо аз Boeing ба маблағи 52 миллиард доллари ИМА шартнома имзо намуд. Flydubai низ бо Boeing созишнома оид ба таҳвили 30 ҳавопаймои Boeing 787-9 ва EgyptAir бо ширкати Air Lease барои 18 ҳавопаймои Boeing 737 MAX 8 шартнома имзо кард.
***
Red Wings рӯзи 15-уми ноябр парвози мустақимро аз Челябинск ба Тбилиси оғоз менамояд.
(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, China Southern Airlines, Simple Flying, Известия, avianews.com, FlightGlobal, UZA)