Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
295

Чоп кардан

Ширкати “Группы Аэрофлот” аз 21-уми декабр парвозҳои мустақимро аз Иркутск ба Пекин оғоз мекунад, ки ин парвозро ширкати ҳавопаймоии  “Россия” анҷом медиҳад.

***

Таҳиягари ҳавопаймоҳои чинии “AutoFlight” дар моҳҳои оянда барои як намунаи боркаши бесарнишини тарҳи вертикалии парвоз ва фуруд (eVTOL) иҷозатнома хоҳад гирифт.

***

Акнун сокинони Приморе ба Хитой бештар парвоз карда метавонанд. Ҳамзамон, ширкати “Hainan Airlines” ба Далян парвозҳоро оғоз намуд. Хотирасон менамоем, ки пештар ширкати “Аврора” дар байни Владивосток ва Харбин парвозҳои иловагиро ба роҳ монда буд.

***

Қазоқистон натавонист ширкати “Qazaq Air”-ро фурӯшад. Ёдовар мешавем, ки “Qazaq Air” 18-уми июли соли 2023 ба хусусигардонӣ гузошта шуд, ки ҳадафи он ҷалби сармоягузории хусусӣ ба фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди бозори ҳамлу нақли ҳавоии Қазоқистон, аз ҷумла тавсеаи ҷуғрофиёи парвозҳои “Qazaq Air” ва ҷорӣ намудани қарорҳои инноватсионӣ нигаронида шудааст.

***

Ширкати “Air Astana” барои тоза намудани нақлиёти ҳавоӣ аз барф ва ях, техникаи “Elephant BETA Flex-liner”-ро аз ширкати “Vestergaard”-и Дания харидорӣ намуд, ки зиёда аз 2 миллион евро арзиш дорад.

***

Ширкати “Uzbekistan Airways” парвозҳои Тошканд-Хабаровскро ҳар ҳафта, рӯзҳои душанбе, аз 4-уми декабр оғоз менамояд.

***

Ширкати “Uzbekistan Airways” аз санаи 15-уми ноябр парвози иловагиро аз Тошканд ба Тирмиз ва бозгашт ба роҳ мемонад.

***

Ширкати “Аэрофлот” фуруши чиптаҳоро барои парвозҳои бевосита аз Красноярск ба Сургут ва Магадан ифтитоҳ менамояд. Парвозҳо ба Сургут аз 1-уми январ ва ба Магадан аз 3-юми январи соли 2024 амалӣ мегардад.

***

Дар фурудгоҳи Домодедово нуқтаи нави нигоҳдории либос ва бағоҷ кушода шуд.

***

Фурудгоҳи Шереметево системаи муҳофизати аз ҳавопаймоҳои бесарнишинро насб кардааст. Муайян карда мешавад, ки система ба фаъолияти таъминоти радиотехникии рӯизаминии парвозҳо ва телекоммуникатсияҳои авиатсионӣ, ки дар минтақаи аэродром ҷойгиранд, таъсир намерасонад.

***

Ширкати ҳавопаймоии украинии “SkyUp” парвозҳои байни минтақавиро аз шаҳрҳои Аврупо ба ҷазираи Занзибари Африқо, Танзания оғоз намуд.

***

Дар Барнаул сохтмони терминали нави фурудгоҳ оғоз гардид.

***

Вазорати дифои Ҳиндустон метавонад аз Россия бастаи иловагии таҷҳизот барои истеҳсоли ҳавопаймоҳои Су-30МКИ харидорӣ намояд. Ҷонибҳо барои интиқоли таҷҳизотҳо ва имзо намудани шартнома музокирот мебаранд.

***

Ширкати “Rolls-Royce” эълон намуд, ки озмоиши мутобиқати 100% сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF)-ро бо ҳама намуди муҳаррикҳои ҳавопаймоии тиҷоратӣ бомуваффақият анҷом додааст.

***

(Манба: avianews.com, Aviation Explorer, Aviation Source News, Uzbekistan Airlines, Astana Airlines)