Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
247

Чоп кардан

Ширкати “Air Astana” соҳиби ҷоизаи навбатии Ассотсиатсияи APEX дар номинатсияи “Беҳтарин системаи фароғатӣ” ва “Беҳтарин хизматрасонӣ дар парвоз”-ро сазовор гардид.

***

Ширкати “China Eastern Airlines” парвозҳоро аз маркази Пудуни Шанхай ба Қоҳира оғоз менамояд, ки ин аввалин вуруди ширкат ба бозори Африқои Шимолӣ ба ҳисоб меравад.

***

Ба истифода додани маҷмааи фурудгоҳи нави фурудгоҳи Петропавловск-Камчатский то охири соли 2024 пешбинӣ шудааст.

**

Масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар форуми байналмилалии Каспий иброз намуданд, ки фурудгоҳи “Паём”-и Эрон омода аст, ки ба маркази ҳавоии интиқоли борҳои транзитӣ аз Федератсияи Россия дар чаҳорчӯбаи васеъ намудани долони байналмилалии нақлиётии Шимолу Ҷануб мусоидат намояд.

**

Маҷаллаи амрикоии “Forbes” раддабандии худ рӯйхати 20 беҳтарин ширкати ҳавопаймоиро барои парвоз аз Россия ба хориҷи кишвар таҳия намудааст. Тибқи ин раддабандӣ ширкати “Аэрофлот” дар ҷои аввал мебошад.

**

Ширкати ҳавопаймоии “iFly” дар баҳори соли 2024 парвозҳои мустақимро аз Хабаровск ба Сочи барқарор менамояд.

***

Ширкати ҳавопаймоии “Premium Beond” аввалин парвози тиҷоратии худро байни Мюнхен ва Малдив анҷом дод.

**

Ширкати ҳавопаймоии буҷавии “Wizz Air” парвозҳоро ба пойтахти Молдова - Кишинёв рӯзи 14-ум декабр барқарор намуд, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти фурудгоҳи Молдова. Ширкат барқарор намудани  се хатсайр, Кишинёв-Лондон, Кишинёв-Милан ва Кишинёв-Римро пешбинӣ менамояд. “Wizz Air” ҳафтае се маротиба ба Лондон ва ҳафтае ду маротиба ба Рим ва Милан парвоз мекунад.

**

Таҳиягари ҳавопаймоҳои барқии амрикоӣ “Overair” бо мақомоти Техас оид ба хизматрасонии таксиҳои ҳавоӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Даллас-Форт Уорт ва шаҳри Арлингтон ҳамкорӣ менамояд.

**

Ширкати “Japan Airlines” се таҳиягари муҳаррикҳои пешрафта, - H2FLY, Universal Hydrogen ва ZeroAvia-ро барои омӯхтани имкониятҳои авиатсияи минтақавӣ бо гидроген ҷалб менамояд.

**

Оператори чархболҳои Дубай “Air Chateau” эълон намуд, парки таксиҳои барқии ҳавоиро аз ширкати “Archer Aviation” дастрас намояд.

***

Ширкати “Emirates” ба ширкати “Airbus” дархостро барои 15 ҳавопаймои A350-и иловагӣ ирсол намуд, ки шумораи умумии ин ҳавапаймоҳои ширкат ба 65 адад мерасад.

**

(Манба: avianews.com, Aviation Source News, AVIA.RU, Emirates, Flight Global Simple Flying)