Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

АЭРОНАВИГАТСИЯИ ТОҶИК РУШД МЕЁБАД

АЭРОНАВИГАТСИЯИ ТОҶИК РУШД МЕЁБАД
371

Чоп кардан

Ҳадафи асосии роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба таҷдиди технологияҳои аэронавигатсионӣ, модернизатсияи заминаҳои моддӣ ва техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, мувофиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ ба талаботи ИКАО нигаронида шудааст, ки яке аз онҳо барои беҳтар намудани таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақаи вилояти Бадахшон равона шудааст.

Дар ин минтақа дар доираи ҳамкорӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон насби таҷҳизоти ADS-B дар моҳи феврали соли ҷорӣ яке аз қадамҳои муҳими корхона дар самти иҷрои нақша чорабиниҳои пешбинишуда мебошад.

Ҳамзамон, моҳи октябри соли ҷорӣ  насби таҷҳизоти аэронавигатсионӣ, мисли DME, радиостансияи R&Sh ва контейнер барои нигоҳдории таҷҳизоти воситаҳои аэронавигатсионӣ ва 45 адад панелҳои офтобӣ бо 15 адад таҷҳизотҳои нерӯдиҳанда (батарея) оғоз гардид, ки то 5-уми ноябр ба анҷом расид.

Тадбирҳои амалӣ гардида боиси он гардид, ки дар фурудгоҳи маҳаллии ноҳияи Мурғоб стансияи метеорологӣ бо 4 адад панелҳои офтобӣ ва сипари табдилдиҳанда бо 2 адад таҷҳизотҳои нерӯдиҳанда барои коркарди маълумот ва мачта сенсорҳои метеорологӣ, аз ҷумла сенсори суръат, самти шамол, фишори ҳаво ва намӣ насб гардиданд.

Амалӣ намудани ин чораҳо барои татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда, мутобиқ намудани хизматрасонӣ ба талаботҳои соҳа, зиёд намудани шумораи парвозҳо ва ифтитоҳи долонҳои нав заминаи боэътимод мегузорад. 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”