Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ БО ДОНИШГОҲҲОИ ЧИНӢ

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ БО ДОНИШГОҲҲОИ ЧИНӢ
342

Чоп кардан

Санаи 17-уми ноябри соли 2023 дар конфронс оиди мавзуи “Омода намудани истеъдодҳои Чин ва кишварҳои Осиёи марказӣ дар соҳаи сохторҳои нақлиёт ва инфрасохтор”, ки дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, дар қатори намояндагони як қатор кишварҳо корманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Урози Раҳмон низ иштирок намуд. Дар конфронси мазкур дар баробари намояндагони воломақом ва роҳбарони донишгоҳҳои Чин, инчунин намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.

Намояндагони донишгоҳҳои Осиёи марказӣ, ки бо донишгоҳҳои чинӣ созишномаи ҳамкорӣ доштанд, ба сухан баромада, оид ба муассисаҳои таълимии худ ва сатҳи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Чин маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Дар анчоми конфронси мазкур Донишгоҳи Чанган бо якчанд донишгоҳҳои Осиёи марказӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд.    

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”