Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ ВА ДОНИШГОҲИ ЧАНГАН

ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ ВА ДОНИШГОҲИ ЧАНГАН
351

Чоп кардан

Дар доираи конфронс оиди мавзӯи “Омода намудани истеъдодҳои Чин ва кишварҳои Осиёи марказӣ дар соҳаи сохторҳои нақлиёт ва инфрасохтор”, ки дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид, корманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Урози Раҳмон бо роҳбари Донишгоҳи Чанган, Ша Аймин мулоқот анҷом дода оид ба ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони корхона барои омӯзиш дар доираи курсҳои кӯтоҳмуддат мубодилаи афкор сурат гирифт.

Инчунин атрофи ҷудо намудани грант барои курсҳои омӯзишӣ бо забони англисӣ ва чинӣ бо директори Раёсати байналмилалии Донишгоҳи Чангани музофоти Шансии Сиан, Чанг Вей барномарезӣ намуданд. Бояд зикр намуд, ки ин пешниҳод иқдоми роҳбарияти донишгоҳи мазкур маҳсуб меёбад.

Дар интиҳои конфронс бо донишҷӯёни шаҳри Томск, ки дар донишгоҳи мазкур дар риштаҳои бакалавр ва аспирантура бо забони чинӣ тахсил мекунанд, вохӯрӣ анчом дода шуд.

Ёдовар мегардем, ки зимни сафари навбатӣ, корманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баробари намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия дар корӣ конфронс ширкат варзида, мулоқотҳои судманд анҷом дод.

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”