Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИНЪИКОСГАРИ ПИРӮЗИИ ХАЛҚ

ИНЪИКОСГАРИ ПИРӮЗИИ ХАЛҚ
234

Чоп кардан

Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад. Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
                                                                                                                                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН

Ин ва даҳҳо сатрҳои саршори меҳри Пешвои муаззами миллат, ки  ороишгари китобҳо ва зиннати анҷуманҳост, мо, мардуми бофарҳанг ва сарбаланди кишвар, хоса наврасону ҷавононро ки ояндасозони Тоҷикистони навин маҳсуб меёбанд, ҷониби бунёдкорию созандагӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад. Бо ёдоварӣ аз ин мисраҳои муассир тазаккур медиҳем, ки дар радифи дигар рамзу муқаддасот - Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ мавҷудияти Парчами миллӣ ҳамчун нишони ҳастиву соҳибдавлатӣ, истиқлолият ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба шумор рафта, ба сифати яке аз суннатҳои дерину бостонии давлатдории тоҷикон, нишони шукӯҳу шаҳомат ва нангу номуси миллии аҷдодони сарбаланди мо барафрохта мешавад.

Ба ибораи дигар Парчам ҳамчун беҳтарин васила дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои волои таърихию фарҳангӣ хизмат намуда, нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон  арзёбӣ мегардад.

Бо соҳиб гардидан ба ин арзиши миллии инъикоскунанда, бо Парчами давлатӣ дар ҳаёти ҷомеаи тозабунёди кишвар дигаргуниҳои азим ба вуқуъ пайваста, барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳанг шароитҳои мусоид фароҳам омаданд. Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодиву дипломатӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тавсеа ёфта, обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафт. Ин боис гардид, ки Парчами миллии мо дар радифи парчами кишварҳои дигари олам мақоми шоистаи худро ба таври устувор нигоҳ дорад, ки ин, бешак, мояи ифтихору сарбаландӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба миллати тоҷик мебошад. Вақти он расидааст, ки ба хотири дарки ҳарчи бештари моҳияти парчам ва давлатдории миллӣ, тарбияи ҳисси муҳаббату ифтихор нисбат ба ин арзишҳои миллӣ миёни қишрҳои ҷомеа вохӯриҳои судманд, доир карда шавад, то насли нав аз қиммату эътибори ин шиносномаи миллат, нерубахши халқи кишвар дар арсаи фаъолият бархурдор гарданд. Дар ободии кишвар бо ихтироъкорию навоварӣ, забондонию паҳлавонӣ ва дигар амалҳои барои насли нав созгор саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Ба ин санаи фархунда ва таърихӣ Шумо ҳамкасбони азиз ва дар шахсияти Шумо кулли мардуми озодандеши кишварро ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳният намуда, сарбаландию сиҳатмандӣ ва хонаободиро бароятон таманно менамоям.

 

        Номбардори миллат

Аз баландӣ менамоӣ ҳар замон,

Аҳли кишварро назора субҳу шом.

Менамои рақс бо оҳанги бод,

Чун чакандухтони мулки Хуталон.

Рамзи пирӯзӣ зи насли Ковиён,

Аз Муқаннаъ, аз диловар Бобакон.

Бо парафшонӣ далолат медиҳӣ,

Аз шуҷоат, аз зафар, аз нангу ном.

Мебарорӣ то фалак дар анҷуман,

Обруи тоҷики зебосухан,

Мехӯрӣ алвонҷ бо сад печу тоб,

Баҳри пирӯзии тоҷикпилтан.

Рамзи давлат, номи миллат Парчам аст,

Ворисони ин Ватанро ҷавшан аст.

Сарфарозу бовиқор, аз худ ризо,

Зиннате бар қасри миллат Парчам аст.

Иброҳимзода Муҳаббат,

сармутахассиси Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”