Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЭЪТИРОФИ НАҚШИ ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ ДАР САТҲИ ИДМ

ЭЪТИРОФИ НАҚШИ ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ ДАР САТҲИ ИДМ
384

Чоп кардан

Санаи 23-24 ноябри соли 2023 дар шаҳри Масква ҷаласаи 60-уми Шӯрои байнидавлатии “Радионавигатсия”, ки ба  30-юмин солгарди таъсиси Шӯро бахшида шуда буд, Сардори раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронаивгатсия” Ашраф Зайдуллоев дар он ширкат варзид.

Дар ҷаласа аъзои ваколатдори Шӯро аз Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

 

Таъкид гардид, ки фаъолияти амалӣ намудаи Шӯро ба вусъати хамкорӣ дар соҳаи радионавигатсия дар байни давлатҳои аъзои ИДМ таъсири мусбат расонида, дар тӯли 30 соли фаъолияти босамар борҳо дар қарорҳои мақомоти олии ИДМ қайд карда шудааст. Масъалаҳои асосии ҷаласаи Шӯро баррасии рафти иҷрои Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2023-2026, ки бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 28-уми октябри соли  2022 тасдиқ шудааст ва таҳияи лоиҳаи Самтҳои асосии (нақшаи) рушди радионавигасияи давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2025-2029 маҳсуб меёфтан.

Дар доираи ин чорабинӣ котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев барои саҳми арзанда дар рушди система ва воситаҳои радионавигатсионӣ дар кишварҳои ИДМ, ҳамчунин ба муносибати 30-солагии ташкил ёфтани Шӯрои байнидавлатии “Радионавигация” сардори Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва телекоммуникатсияи авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро бо Грамотаи фахрӣ қадрдонӣ намуд. 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”