Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
222

Чоп кардан

Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифтааст, ки барои шаҳрвандони панҷ кишвари Иттиҳоди Аврупо ва Малайзия раводидро барои як сол лағв намояд. Аз 1-уми декабри соли 2023 то 30-юми ноябри соли 2024 шаҳрвандони Испания, Италия, Олмон, Ҳолланд, Фаронса ва Малайзия, ки бо мақсади тиҷорат, сайёҳӣ, масоили оилавӣ ва транзитӣ ворид мегарданд, метавонанд 15 рӯз бидуни раводид дар ҳудуди Чин иқомат намоянд.  

***

Ба муносибати 50-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Малайзия ва Чин, аз 1-уми декабр Малайзия ба шаҳрвандони Чин ҳаққи вуруди бидуни раводид ба ин кишварро ба муддати 30 рӯз пешниҳод менамояд.

***

Шурӯъ аз 11-уми декабр, ширкати “China Southern Airlines” хатсайри парвозҳоро, ки Чжанҷзяҷи ва Ҳонконги Чинро мепайвандад, бо парвозҳои муқарраршуда ҳар рӯзи душанбе, панҷшанбе ва шанбе оғоз менамояд. Ҳамзамон ширкати мазкур аз 20-уми декабр парвозҳоро дар масири Гуанчжоу ва ПортМоресбӣ ва хатсайри нави парвоз байни Гуанчжоу ва Лоҳурро оғоз мекунад.

***

Фурудгоҳи Алмаато пас аз шаш моҳ ба истифодаи сӯзишвории авиатсионии Jet A-1, ки дар Чин истеҳсол мешавад, оғоз менамояд. Инчунин инфрасохтори фурудгоҳҳо барои истифодаи ин сӯзишворӣ омодаанд.

***

Фурудгоҳи байналмилалии Остона бақайдгирии мусофиронро бо истифода аз идентификатсияи биометрӣ ҷорӣ мекунад. Дар ҷараёни сафари кории муовини Вазири нақлиёт доир ба баланд бардоштани сатҳи рақамикунонӣ дар фурудгоҳ масъалаи ҷорӣ намудани идентификатсияи биометрӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар мулоқот дурнамои ҷорӣ намудани системаҳои нави худмаблағгузорӣ ва интиқоли бағоҷ баррасӣ шудааст.

***

Аз санаи 22-юми ноябри соли 2023 Пӯлотов Жасур Шуҳратович ҳамчун директори фурудгоҳи Тошканд таъин гардид.

***

Дар доираи сафар ба Корея ҳайати ширкати “Uzbekistan Airports” бо намояндагони ширкати “Korea Airports Corporation (КАС)” як қатор вохӯриҳо доир намуда, аз якчанд иншооти саноатии авиатсионӣ дидан намуданд. Дар доираи ин сафар Ёддошти тафоҳум низ ба имзо расид, ки самти асосии ин ҳамкорӣ лоиҳаи муштарак оид ба таъсис додани Маркази омӯзиши авиатсионӣ барои кормандони фурудгоҳҳои Ӯзбекистон буд. Марказ дар заминаи таҷрибаи инноватсионии KAC бо дастгирии гранти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) таъсис дода мешавад, ки корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии онро бо таҷҳизоти замонавӣ маблағгузорӣ менамояд.

***

 Аз санаи 29-уми ноябр ширкати “Uzbekistan Airways” шумораи парвозҳоро аз Урганч ба Санкт-Петербург зиёд мекунад. Минбаъд парвозҳо на танҳо рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе, балки рӯзҳои чоршанбе низ сурат хоҳанд гирифт.

***

Ширкати “Uzbekistan Airways” парвозҳоро ба Хабаровск аз 4-уми декабр оғоз менамояд.

***

Аз 15-уми декабр ширкати “Победа” шумораи парвозҳоро дар масири  Масква — Киров — Масква зиёд мекунад.

***

Мувофиқи иттилоои муовини раиси Идораи сайёҳии Таиланд ширкати “Thai Airways International” дар ҷустуҷӯи имкони кушодани парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ бо Россия аст, аммо бо баъзе мушкилиҳои техникӣ дар суғуртаи ҳавопаймоҳо дар ҳудуди Россия қарор дорад.

***

Гузаргоҳи байналмилалӣ дар фурудгоҳи Қизил дар нимаи аввали соли 2024 ифтитоҳ мегардад. Тибқи иттилоои масъулон аллакай омодагӣ барои ҷорӣ намудани созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи парвозҳои байналмилалӣ оғоз гардидааст. Пеш аз ҳама, парвоз ба Улан-Батор ва Урумчӣ пешбинӣ гардидааст.

***

Аввалин корхонаи Таиланд, ки аз партовҳои равғани растанӣ сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF)-ро истеҳсол мекунад, дар аввали соли 2025 ба кор шурӯъ хоҳад кард. Корхонаро ширкати энергетикии “Bangchak Corporation Plc.” идора менамояд.

***

Сохтмони терминали сеюми фурудгоҳи Қазон соли 2024 оғоз мешавад. Пас аз ифтитоҳи иншооти нав шумораи парвозҳо зиёд хоҳанд гашт.

***

Соли оянда корхонаи авиатсионии Қазон интиқоли ҳавопаймоҳои Ту-214-ро ба ширкатҳои ҳавопаймоии Россия оғоз менамояд.

***

(Манба: Aviation Explorer, Aviation Source News, AVIA.RU, Simple Flying, China Southern Airlines, Uzbekistan Airways)