МУТАХАССИСОНИ АВИАТСИЯ СТАНДАРТҲОИ ТАТБИҚИ GRF-РО БАРРАСӢ НАМУДАНД
Намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар семинари минтақавии “Формати глобалии пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати хати парвоз - GRF ICAO”, ки 28-29 ноябри соли 2023 бо дастгирии Кумитаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҶСК “Идораи авиатсионии Қазоқистон” шаҳри Алмаато баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ директори генералии Идораи авиатсияи Қазоқистон, мутахассиси минтақавӣ оид ба метеорология ИКАО Кристофер Кеохан, ёвари директор оид ба инфрасохтори ATM IATA Дмитрий Косолапов, директори генералии Moventor Ой Микко Каллио, инчунин коршиносони ICAO, IATA, FAA, истеҳсолкунандаи таҷҳизот ва нармафзор барои арзёбии ҳолати хати парвоз - Moventor Oy иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадафи асосии семинари мазкурро мавзӯъи коҳиш додани хатари берун рафтани ҳавопаймо аз хатти парвоз дар бар мегирифт. Бо дарназардошти он, ки раванди татбиқи GRF ва татбиқи минбаъдаи он, аз ҷумла барои кишварҳои ИДМ мушкилиҳои зиёдеро ба миён овардааст, семинари мазкур барои мубодилаи таҷриба дар ҳалли мушкилот бо кишварҳои минтақа нақши амиқ мегузорад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”