ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Аз санаи 26-уми январи соли 2024 “China Southern Airlines” парвозҳои мустақимро байни Чангчун ва Ҳонгконги Чин оғоз мекунад, ки ҳар рӯзи ҷумъа пешбинӣ шудааст.
***
Ҳавопаймоҳои ширкати “Россия” ҳамлу нақли мунтазами байналмилалии мусофирон, бор, бағоҷ ва почтаро дар хатсайри Красноярск - Гоа бо 3 парвоз дар як ҳафта анҷом медиҳанд.
***
Ширкати “Азимут” дар рӯзҳои таҷлили соли нав аз Сочи ба Тел-Авив парвозҳои иловагӣ анҷом медиҳад. Ҳамзамон ширкати мазкур аз санаи 26-уми январи соли 2024 парвозро аз Уфа ба Тбилиси (Гурҷистон) низ оғоз менамояд.
***
Фурудгоҳи Волгоград нақша дорад, ки барномаи мунтазами парвозро ба Сочи аз соли 2024 барқарор намояд.
***
Ҳукумати Қазоқистон пешниҳоди “Роскосмос”-ро дар бораи таъсиси маҷмааи осорхонавӣ дар Байконур ва ворид намудани онро ба феҳристи мероси ЮНЕСКО пешбинӣ менамояд.
***
Ширкати “Аэрофлот” фурӯши чиптаҳоро дар масири Москва-Анадир-Москва барои соли 2024 оғоз намуд. Ҳамчунин ширкати мазкур аз санаи 31-уми январи соли 2024 парвозҳои мунтазамро аз фурудгоҳи Шереметево ба шаҳри Ҳошимин (Вьетнам) барқарор менамояд. Парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба анҷом дода мешаванд.
***
Ширкати “Азимут” парвози озмоиширо аз фурудгоҳи Краснодар ба Минералние Водӣ анҷом дод.
***
Ширкати ҳавопаймоии армании “FlyOne” аз оғози парвозҳои ҳамарӯза ба Шереметево хабар дод. Инчунин ширкати мазкур парвозҳоро ба фурудгоҳи байналмилалии Кишинёв анҷом медиҳад.
***(Манба: Aviation Explorer, AVIA.RU, Simple Flying)