МОДЕРНИЗАТСИЯИ ТАҶҲИЗОТҲОИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ КАФИЛИ БЕХАТАРӢ
Муовини директори генералии ҶСК “Пеленг”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Мария Николаевна Янушевич аз КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дидан намуданд. Ҳадаф аз ташриф шиносоӣ бо фаъолияти системаи ягонаи автоматикунонии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ “Мастер-АС”, ки дар ширкати мазкур истеҳсол ва дар доираи ҳамкории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва ҶСК “Пеленг” дастрас ва насб гардидааст, мебошад. Қобили зикр аст, ки ин низом ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар филиалҳои корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар амал мекунад. Системаи мазкур аз манбаъи маълумотҳои назоратӣ, иттилоотӣ, назоратӣ ва серверию банақшагирӣ иборат аст.
Система бо мақсади таъмин намудани парвозҳои бехатар ва идоракунии ҳаракати ҳавоӣ мусоидат намуда, як зумра фаъолият, аз ҷумла ҷамъоварии маълумот аз манбаъҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба мавқеъи нақлиёти ҳавоӣ (ҳама нави мавҷқабулкунакҳо, ADS-B ва MLAT), қабули автоматӣ ва коркарди дастии иттилооти ба нақша гирифташуда, қабул ва истифодаи иттилооти метеорологӣ ва ғайраро амалӣ намуда, вазифаи системаи ягонаи автоматикунонии идоракунии ҳаракати ҳавоӣро иҷро ва ҳамчун системаи захиравии ИҲҲ ба низоми мавҷудаи “Мастер” ва системаи банақшагирии “ВОЛАНТИС” ба иҷро мерасонад.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд миёни корхонаҳои пешқадами соҳа дар хориҷи кишвар ва роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” камбудиҳои техникӣ ҳалли худро ёфта истодаанд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”