МУАРРИФИИ ИҚТИДОРИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАРИЖ
Аз 16-ум то 19-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷараёни иҷрои даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мавриди натиҷагирӣ ва баҳогузорӣ қарор дода шуд, ки дар кори он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва дигар масъулини мақомоти Агентӣ ширкат варзиданд.
Боиси хушнудист, ки дар натиҷаи мубоҳисаҳои тӯлонӣ усулҳои пешниҳоднамудаи ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Ҳамзамон як қатор масоили баррасигардида ҳалли худро ёфтанд, ки он баҳри ба даст овардани арзёбии муносиб вобаста ба натиҷаи ниҳоии ҳисоботи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида оид ба даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии СҲИР таъсири мусбӣ расонид.
Дар доираи чорабинии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Узбекистон ҳисоботҳои худро пешниҳод намуданд.
Зимнан намояндагони Ҷумҳуриҳои Булғористон, Арманистон, Босня ва Герсоговина доир ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ намудани сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, ба роҳ мондани хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, таҳкими фазои мусоиди сармоягузорӣ, инчунин, фаъолияти мақомоти бо коррупсия муборизабаранда саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.
Котиботи шабака ва коршиносони байналмилалӣ ба маҳорати касбӣ, муаррифии арзандаи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Таъкид ба ёдоварист, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар доираи фаъолияти худ нақша чорабинии зиддикоррупсиониро таҳия намуда, фаъолияти худро тибқи он ба роҳ мондааст.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”