КОРРУПСИЯ ЗУҲУРОТИ МАНФӢ ДАР ҶОМЕА
Боиси зикр аст, ки 21-уми июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)” ба тасвиб расида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат алайҳи ин зуҳурот 10-уми декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” қабул карда шуд, ки минбаъд Қонуни мазкур бо ба инобат гирифтани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардид.
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав набуда, ин зуҳуроти номатлуб аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дорад. Мафҳуми дигари бештари маъмули коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид чунин пешниҳод кардааст: “коррупсия – сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад”.
Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ хавфи воқеии онро дар таъмини инкишофи минбаъда дарк намуда, мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста аз оқибатҳои харобиовари коррупсия ҳушдор дода таъкид менамоянд, ки “Коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад”.
Дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо фармоиши директори генералии корхона Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ҷадвали нақшачорабиниҳои баргузории машғулиятҳо ва сӯҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ тасдиқ гардида, мунтазам гузаронидани чорабиниҳои таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия бо доираи васеи тамоми кормандони раёсатҳо, шуъбаҳо ва филиалҳои корхона воқеъ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар баргузор карда мешавад.
Дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти корхона санаи 27-уми декабри соли 2024 бо иштироки кормандони филиали корхона дар минтақаи Хатлон, шаҳри Кӯлоб буда, вохӯрии навбатии кормандони шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ оид ба мавзуи “Ҳушдор аз коррупсия” доир карда шуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тамоми қарор ва қонунҳои ба тасвиб расидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар якчоягӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ҷонибдорӣ намуда, роҳҳои гуногуни он, аз қабили тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ, таҳлилу пешгирии хавфҳои коррупсиониро васеъ ба роҳ мемонад, то дар ин самт корбарӣ пурзӯр карда шавад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”