РИОЯИ БОНИЗОМИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

14-уми феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Корхона ҷиҳати амалӣ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли то 2030”, вохӯрии роҳбарият ва ҳайати кормандони корхона бо сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихон Абдулҳаким баргузор гардид. Ҳамоишро муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Раҳимҷон Саидзода ифтитоҳ намуда, ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳоро дар Корхона муассир арзёбӣ намуд.
“Бо мақсади дар амал табиқ намудани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ таҳия гардида, ҷиҳати дар амал табиқ намудани он чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидааст”, – изҳор дошт Раҳимҷон Саидзода.
“Муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст. Бо мақсади мубориза бо ин падидаи номатлуб дар ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 ҳуҷҷат доир ба муқовимат ба коррупсия дар кишвар таҳия ва татбиқ шудаистодааст”, – қайд намуд Розиқзода Алихон Абдулҳаким дар суханронии худ.
Зикр гардид, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмӯи воситаю усулҳои муосир фаъолият баранд.
Таъкид ба маврид аст, ки бо ибтикори роҳбарияти корхона “Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои солҳои 2022-2030 оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ гардида, дар доираи он мунтазам чунин вохӯриҳо бо намояндагони Агентӣ ташкил мегардад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”