Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ
449

Чоп кардан

10 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мулоқоти роҳбарият ва кормандони корхона бо нозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин Сайфиддин баргузор гардид.

Зикр гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф шудааст. Бинобар ин, барои ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия дар кишвар ва баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд. Ҳадафи баргузории вохӯрии мазкур низ ба баланд бардоштани огоҳии кормандони корхона оид ба пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб равона шудааст.

Таъкид ба ёдоварист, ки “Нақша чорабиниҳо оид ба татбиқи барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои солҳои 2022-2030 оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тасдиқ гардида, бо ибтикори роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як корманди корхона, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ, баҳри ҳифзи манфиати давлат ва ҷомеа тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар фарҷом миёни намоянда аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли кормандон оид ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

                                                                              Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”