Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САҲМГУЗОРӢ ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

САҲМГУЗОРӢ ДАР МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
25

Чоп кардан

Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад.

                                                                                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Раванди ташаккули мафҳуми коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи беш аз чандҳазорсола дошта, фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, он боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад. Дар замони муосир падидаи мазкур ба худ хусусияти хос, аз ҷумла аз порагирӣ то суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ касб намуда, ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъиятӣ ва арзишҳои волои маънавию ахлоқии ҷомеаи инсонӣ таъсири манфӣ расонида истодааст. Ин боиси заиф гардидани сутунҳои давлатдорӣ ва коҳиши сатҳи некуаҳволии мардум мегардад.

Бо назардошти ин омилҳои манфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро дар ҳар суханрониву мулоқоти худ махсусан таъкид менамоянд.

Қадамҳои аввали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба коррупсия ин тавсиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)” 21 июли соли 1999, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” 10 декабри ҳамон сол, ба имзо расидани “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия” 25 сентябри соли 2006  ва тасдиқи он 16 апрели соли 2008, таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 январи соли 2007 мебошад.

Дар баробари ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия дар кишвар баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи хатарноку фалаҷкунандаи давлату ҷомеа “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабул ва тасдиқ гардиданд. Илова бар ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мусоидат дар мубориза ба коррупсия буда, иқдоми дигари саривақтӣ ва мувофиқ ба ҳисоб меравад.

Ҳуҷҷатҳои дар боло зикр гардида ифодакунандаи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба коҳиш додан ва батадриҷ решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои коррупсионӣ равона гардидаанд.

Имрӯзҳо бо қаноатмандӣ метавон изҳор дошт, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ барои паст намудани шиддати коррупсия, муқовимат ба ин падидаи номатлуб, ошкор, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва бартараф намудани сабабу шароити ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд мусоидаткунанда муқаррар  шудаанд.

Дар борабори дигар мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дар КВД “Тоҷикаэронавгатсия” таҳти роҳбарии директори генералии корхона Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд чораҳои муассир амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст. Аз ин рӯ, даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд дар якҷоягӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз маҷмӯи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб фаъолият ва корбарӣ намоянд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”