ТАМОШОИ ДАСТАҶАЪОНАИ ПАЁМ
Санаи 28-уми декабри соли 2023 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати мамлакат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуданд.
Тамоми ҳайати кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии марказии кишвар тамошо намуданд. Ҳамзамон кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар филиалҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ аз раванди ироаи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавассути пахши мустақим воқиф гаштанд.
Зимни суханронии пурмуҳтавои худ Сарвари давлат иброз доштанд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуда, дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми мамлакат тадриҷан беҳтар гардидааст. Нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 фоиз дар соли 2023 паст гардид. Ҳамчунин Пешвои миллат зарур шумориданд, ки дар соли 2024 тавассути татбиқи самараноки суръати рушди иқтисоди миллиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024 сафарбар намоянд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозор, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ барои сокинони кишвар сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Кормандони корхона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, аз баромади ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, ки барои мардуми кишвар роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ маҳсуб меёбад дар соли 2024 босамар истифода менамоянд. Ҳамчунин дар қатори дигар самтҳо дар самти авиатсияи гражданӣ, ки ҳамчун самти боэътимоди кишвар ба ҳисоб меравад, фаъолияти густурда бо меҳнати самарабахш ба ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Сардори давлат ҷавоб хоҳанд дод.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”