Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЛИБОСИ МИЛЛӢ НИШОНЕ АЗ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁД

ЛИБОСИ МИЛЛӢ НИШОНЕ АЗ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁД
353

Чоп кардан

Санаи 6-уми июни соли 2024 дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” шуъбаи меҳнат ва музди меҳнат вохӯрӣ бо кормандон баргузор гардида, доир ба тартиби лобоспӯшии кормандон, тарғиби либосҳои миллӣ ва барҳам додани омилҳои бегонапарастӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

     

“Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки дар бештари соҳаҳо ва бахшҳои мухталиф, идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо вобаста ба шароити кор либосҳои махсус (униформа) тавсия шудааст, ки ба бар карданашон ҳатмист. Дар ҳамин замина дар корхонаи мо низ барои мутахассисони соҳаи метео, танзимгарон, кормандони техникӣ ва ронандагон либос пешбинӣ гардида, бо либосҳои махсус дар ҷои кор фаъолият намудани он ба роҳ монда шудааст”, - гуфт сардори Шуъбаи меҳнат ва музди меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Донахонов Илҳом.  

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29-уми марти соли 2024 ва заминаи мактуби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхона мунтазам миёни занону бонувони корхона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз соли 2017 “Одобномаи корманди КВД “Тоҷикаэронавигатсия” қабул ва татбиқи он аз ҷониби шахсони масъул ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар робита ба ин роҳбарияти корхона дар тарғиби суннату оинҳо,  урфу одати миллӣ ва пеш аз ҳама тарғиби либоси миллӣ чораҳои зарурӣ андешида, бадинвасила дар нигоҳдорӣ ва арҷ гузоштан ба либос ва ананаҳои миллӣ, ҳамчунин тарбияи манавии ҷавонони корхона нақши назаррас мегузорад. 

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”