ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН ҲАМКОРИРО ДАР САМТИ АЭРОНАВИГАТСИЯ ТАҚВИЯТ МЕБАХШАНД
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон рушд ёфта, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои гуногун вусъат меёбанд.
Дар ин замина дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба аҳдномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гузоштанд, ки яке аз Созишномаҳои имзошуда ин вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мебошад.
“Ба Ҳукуматҳо супориш додем, ки масъалаи кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар ва зиёд кардани шумораи парвозҳоро миёни пойтахтҳо дида бароянд. Мо аз таҳкими ҳамкориҳои байни минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардем. Имрӯз ба мақсади ҳавасмандгардонии тамосҳои бештар дар ин самт санадҳои нави байниминтақавӣ ба имзо расонида шуданд”, - изҳор намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо доираи васеи хабарнигорони дохилу хориҷӣ кишвар пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо.
Бояд зикр намуд, ки дастгирии Сарони давлатҳои ҳарду кишвар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ дар ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи аэронавигатсия низ замина гузошт.
Бо мақсади дар амал табиқ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи аэронавигатсия роҳбарият ва мутахассисони КВД Маркази “Узаэронавигатсия” ба КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ташриф оварданд.
Дар доираи сафари худ меҳмонон бо рафти таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ, техника ва таҷҳизоти соҳа, инчунин фаъолияти манораи муназзимии корхона аз наздик шинос шуданд. Зимни шиносоӣ мутахассисон инчунин доир ба дастрас, ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои таъминкунандаи хизматрасонии соҳа табодули афкор намуданд.
Сипас маросими ба имзо расидани Ёддошти ҳамкорӣ байни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия” доир гардид.
Ёддошти ҳамкорӣ аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ва директори КВД Маркази “Узаэронавигатсия” Джумаев Дониёр Ибрагимович ба имзо расид.
Дар доираи ташрифи худ директори КВД Маркази “Узаэронавигатсия” Дониёр Джумаев бо директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода мулоқоти судманд анҷом дода, ҷонибҳо дар тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
“Кушишҳои муштараки мо ба баланд бардоштани сифат ва бехатарии аэронавигатсионӣ нигаронида шудааст, ки омили калидии таъмини ҳаракати устувору бехатари ҳавоӣ байни Тоҷикистону Узбекистон мебошад. Итминон дорем, ки мубодилаи таҷриба ва технология ба мо имкон медиҳад, ки дар ин самт ба қуллаҳои нав бирасем”, - изҳор намуд Лоиқ Бегиҷонзода.
Ҳамзамон дар ҳузури роҳбарияти ҳарду корхона иқтидори корхонаҳо ва нақша чорабиниҳо доир ба амалӣ намудани ҳамкориҳои минбаъда ва рушди онҳо баррасӣ гардид.
Зикр намудан ба маврид аст, ки шарикии стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистону Узбекистон бар пояи усулҳои ногусастании дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, ёддошти мазкур дар густариши ҳамкориҳои соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия барои тақвияти минбаъдаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақа, мубодилаи таҷриба ва таъмини бехатарии парвозҳо тавассути ҳарими ҳавоии ҳарду кишвар мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”