АЗ МАҚОМИ ОЛИИ БУНЁДСОЗӢ-СОЗАНДАГӢ-СИЁСӢ ТО МАЙДОНИ ВАРЗИШ
Ҳама хубу сано бошад бароят,
Заминро то само гӯям саноят,
Бимонӣ то абад номдору ғамхор,
Дуои неки Раҳмон раҳнамоят!
Бо камоли эҳтиром Шуморо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷашни солгарди умратон самимона шодбош мегӯем!
Ҳамчун роҳбари ҷавон Шумо дар амалинамоии ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлат, Пешвои арзандаи миллатамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши арзанда дореду пайваста меҳнати фидокоронаи босуботро ба ҷо меоред.
Мо бар он бовар ҳастем, ки зери роҳбарии Шумо на танҳо имрӯзҳо симои пойтахтамон ҷилои тобандаро касб менамояду қонунҳои ба тозагӣ қабул намудаатон рӯйи кор меоянд, балки дастовардҳои беназири варзиш низ, ки варзишгарони мамлакат ба даст меоранд маҳз бо роҳнамоии Шумо амалӣ мешаванд. Ба қавли дигар агар гӯем, Шумо тамоми умри ҷавони худро ба рушди варзиш бахшидаед иштибоҳ намекунем.
Бале, ҳар як амали Шумо боиси ифтихор аст, лоиқи сано аст!
Бо умеди паймудани қуллаҳои зафарёб, дар роҳи бунёдкориву созандагӣ ва иҷрои масъулияти заҳматталаб ба Шумо муҳтарам Рустами Эмомалӣ барору комёбиҳо таманно намуда аз даргоҳи Офаридгор талабгорем, ки ҳамеша саодатмандию сарбаландӣ ва толеъи нек ёру, фараҳмандӣ насибатон бошад.
ЗОДРӮЗАТОН ФАРХУНДА БОД!Бо камоли эҳтиром,
Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон